Омӯзиши забонҳои хориҷӣ – омили муколамаи фарҳангҳо

Мо‐тоҷикон миллати басо хушбахт ҳастем, ки забони куҳанбунёду басо ғанӣ дорем. Дороиҳои ин забон дар тули садсолаҳову ҳазорсолаҳо ба вуҷуд омада, ҳар аҳли илму адаби он барои афзудани доираи луғоти ин забон хизмати шоистаеро ба ҷо овардаанд ва барои ҳифзи он аз унсурҳои луғавии худиву бегонаи табъро хиракунанда заҳмати фаровонеро ба харҷ додаанд. Маҳз натиҷаи часпу талошҳои пайвастаи чунин фарзандони фарзонаи миллат буд, ки имрўз забони тоҷикӣ, бино ба бардоштҳои забоншиносон ва олимони машҳури дунё дар радифи се забони машҳури ҷаҳонӣ‐англисӣ, фаронсавӣ ва итолиёвӣ яке аз ширинтарину шевотарин забонҳои олам маҳсуб гардида, ҳамвора инкишоф меёбад.

Тавоноӣ ва имконоти забони мо ба ҳаддест, ки дар тули ин ҳама садсолаҳои начандон мусоид ва гоҳе бисёр сахту шадид соҳибони он яке аз бузургтарин тамаддунҳо, ғанитарин адабиёт, зеботарин ашъор ва муассиртарин ҳамосаи миллии ҷаҳонро бо ҳамин забон офаридаанд. Забоне, ки бо фасоҳату балоғаташ дар тули асрҳо оламиёнро дар ҳайрат гузоштааст, чанд даҳсолаи замони шўравӣ ба беморӣ гирифтор шуд. Дар даврони минбаъда зурурати табобати он пеш омад, зеро дар ҳолати шифо наёфтанаш ин беморӣ метавонист хуруҷ карда, дар ниҳояти кор боиси илоҷнопазир гардидани дармони он мегардид.

Хушбахтона, ин забон танҳо пас аз соҳибистиқлол гардидани халқи тоҷик, ки баъди ҳазор соли маҳрумияту барканорӣ аз давлату давлатдорӣ ба арсаи сиёсӣ баргашта, ҳаққи аздастдода ва поймолшудаи худро соҳибӣ намуд, аз нав неру гирифт, ба хонандаи тоҷик имкони бештаре фароҳам омад, ки зиндагиномаи забони худро бештар омўзад, аз ҳама шебу фарози он дар ҷараёни зиндагии мардуми тоҷик огоҳии комил дошта бошад. Маҳз кўшишу талоши пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки забони адабии муосири тоҷикӣ он ҳама шукўҳу шаҳомати дар даврони классикӣ доштаашро аз нав ба даст орад.

Ниҳоят, имрўз зарур аст, ки омўзиши забони тоҷикиро дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишгоҳҳо неру бахшида, барои бунёди воқеии мақоми он аз тамоми омилҳо истифода бурд. Мутахассисон бар ин назаранд, ки омўхтани забони ғайр дар сурате босамар хоҳад буд, ки забони омўхташаванда дар ҳамбастагӣ ва қиёс бо забони модарӣ сурат гирад.

Чунонки маълум аст, навгониҳои илму техника ва технологияи инноватсионии бо суръати кайҳонӣ рушдкунанда асосан бо забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, чинӣ ва ғ. ба амал меоянд. Аз ин рў, истифодаи таҷҳизотҳои муосири техникии соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон аз мутахассисон дониши хуби забонҳои хориҷиро тақозо менамояд. Барои ба таври фарогир аз имкониятҳои таҷҳизоти ҷадиди техникӣ истифода бурдан ба корманди соҳа зарур аст, ки забони кории он таҷҳизот ва ё афзору ашёи аз хориҷи кишвар дастрасшударо хуб донад.

Мусаллам аст, ки имрўзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) қарор дорад. Чунин ҷараён ҳар як шаҳрвандро муваззаф мегардонад, ки аз забонҳои хориҷӣ бохабар бошад, зеро ягона воситаи ҳифзи арзишҳои миллӣ, ин донистани забонҳои хориҷӣ мебошад. Дар шароити кунуни забонҳои хориҷӣ, бахусус англисӣ ва русӣ, забонҳои байналхалқӣ, забонҳои техника ва технологияҳои ҷадид ва забонҳои муоширати байни миллатҳо ба ҳисоб мераванд. Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вохӯриҳо ва суҳбатҳояшон пайваста оид ба омӯзиши забонҳои мазкур ишора менамоянд.

Дар даврони муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи махсусеро касб намуда, узви комилҳуқуқи як қатор созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, иститутҳои молиявӣ буда, бо зиёда аз яксаду ҳаштод кишвари олам муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи дипломатиро ба роҳ мондааст. Омили мазкур дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳамаи мутахассисонро новобаста аз касбу корашон водор менамояд, ки манфиатҳои давлат ва миллатро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва ҳифз карда тавонанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «Дарҳои боз»-ро пеш гирифта, дар дунё ҳамчун давлати адолатхоҳ, сулҳпарвар ва ташаббускор шинохта шудааст. Мувофиқи раддабандии институтҳои байналхалқӣ имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори давлатҳои амнтарини ҷаҳон мақом гирифтааст, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷик аст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон, ки 21-уми декабри соли 2021-ум ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида буд, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ бори дигар диққат дода, хотирнишон намуда буданд, ки ӽар як ҷавони тоҷик бояд ҳадди ақал ду забон (англисӣ ва русӣ)-ро аз худ намояд: «Зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».

Қўрғонов Зоҳид – дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ