ОМӮЗГОРОН ДАР САММИТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ENGLISH AND INCLUSION PARTNERSHIP SUMMIT» ДАР ТОШКАНД ИШТИРОК КАРДАНД
Аз моҳи сентябри соли 2025 Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар ҳамкорӣ бо British Council (Шурои Британия) ва барномаи минтақавии «Accelerating English Language Learning in Central Asia (AELLCA)» ҳамкориҳои судмандро дар самти омода намудани омӯзгорони ояндаи забони англисӣ ба роҳ мондааст. Барномаи мазкур бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мусоидат менамояд.
Дар доираи ин ҳамкорӣ омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои забонҳои хориҷӣ ва забонҳои шарқи Донишгоҳ дар як қатор чорабиниҳои таълимӣ ва омӯзишии ҳузурӣ ва маҷозии Шурои Британияи Кабир иштирок намуданд.
Санаҳои 5-7 марти соли 2026 дар шаҳри Тошканд Саммити байналмилалии шарикии «English and Inclusion Partnership Summit» баргузор гардид. Дар ин чорабинии бонуфуз омӯзгорони кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ – дотсентон Назира Шамсиддинова ва Дилафрӯз Рашидова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадафи иштирок дар Саммит муаррифии таҷрибаи мушовирони миллии Тоҷикистон дар самти такмили ихтисоси омӯзгорони ояндаи забони англисӣ то давраи дипломӣ (Pre-Service English Teacher Training – PRESETT), инчунин таҳкими шарикии байнидонишгоҳӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам дар соҳаи таҳсилоти фарогир буд.
Дар кори Саммит зиёда аз 28 нафар омӯзгорон ва мушовирони миллии муассисаҳои таҳсилоти олии Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир ширкат варзида, намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи Британия, аз ҷумла донишгоҳҳои Вестминстер, Линколн, Кембридж, Сассескс, Нотингҳем, Гринвич, Ланкастер ва Лидс бо маърӯза ва муаррифӣ баромад карданд.
Дар доираи ҳамкории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо Донишгоҳи Вестминстер барномаҳои таълимӣ ва омӯзишии забони англисӣ бо назардошти усули фарогир татбиқ мегарданд. Дар ин замина дотсентон Назира Шамсиддинова ва Дилафрӯз Рашидова дар ҳамкорӣ бо профессор Эндрю Линн ва тренер Анастасия Безбородова дар муддати шаш моҳ натиҷаҳои корҳои анҷомдодаро ҷамъбаст намуда, дар Саммит ҳисоботи муфассал манзур сохтанд.
Ҳамчунин дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои дастгирии ислоҳоти миллии омӯзиши забони англисӣ, навсозии барномаҳои тайёр намудани омӯзгорон, ҷорӣ намудани таҳсилоти фарогир ва равишҳои ба гендер мутобиқ дар соҳаи омӯзгортайёркунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар натиҷа, дастури амалияи хуб дар доираи барномаи AELLCA таҳия гардида, дар ҷаласаи пленарӣ аз ҷониби намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ муаррифӣ карда шуд.
Дар фарҷоми Саммит ба ҳамаи иштирокчиён ва маърузакунандагон сертификат тақдим шуда, Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» барои ҳамкории фаъоли байналмилалӣ бо Сипоснома қадршиносӣ гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил