Омилҳоипешгирии терроризм ва экстримизм байни ҷавонон

Даршароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ халқу миллатҳои соҳибистиқлол бояд симои, аз ҷумла арзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонанд. Бинобар ин миллати тоҷик,бахусус ҷавонону наврвсони мо низ бояд аз решаҳои тамаддуни қадима,забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлвтдории халқи худ огаҳ бошанд ва вобастаба дигаргуниву таҳаввулоти ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллиитоҷикон саъю талош намоянд. Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи ҳар як миллати огоҳу соҳибфарҳанг мебошад.
Баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон соҳиби истиқлолияти миллӣ гашт,ки ин неъмати бебаҳо ва ормони деринае буд ва воқеан расидан ба чунин тӯҳфаи бебаҳои замон барои ин мардуми озодаманиш шодиовар буд. Аммо, мутаассифона хурсандии тоҷиконро чашми ҳасадолуди душманони бадхоҳи маллат халалдор сохт ва дар ин муддат гурӯҳҳое пайдо шуданд,ки ба хотири амалӣ гардонидани манфиатҳои ғаразноки худ сарзамини Тоҷикистони тозаистиқлолро ба коми ҷангу муноқиша кашиданд. Дар натиҷа дар сарзамини кишварамон ҷанги бераҳмонае сар зад, ки дар саҳфаҳои таърихи кишварвмонбо ҳуруфҳои сиёҳ бо номҳои “ҷанги шаҳрвандӣ”, “ ҷанги бародаркуш” сабт ёфтааст. Барои миллате, ки нав ба истиқлолият барин неъмати бебаҳо муяссар гардида буд, аланга гирифтани ҷанги хонумонсӯз хеле харобиовар ва хавфнок буд. Ҳатто хатари аз байн рафтани миллати тоҷик ба миён омад. Дар ҳамин марҳалаи басо мураккабу вазнин,кивазъи давлату ҳукумат гирифторифалаҷ буд,фарзанди барӯманди миллати бебоки тоҷик Эмомалӣ Раҳмон, пешвои миллат бесарусомонро ба зимма гирифта, шӯълати ҷангӣхонумонсӯзи шаҳрвандиро бо ҷидду талошҳо, андешидани чораҳои зарурӣ барои амнияти миллӣ хомӯш кард.
Дастовардҳое, ки зери роҳбарии ин фарзанди фарзонаи миллат дар арсаи ҷаҳонӣ кишварамон комёб гардидааст, хело бузург аст. Албатта, ин шахсият Президенти кунунии давлатамон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тайи солҳои роҳбариаш тавонист бо иродаву фазилати худ ва ғояи хирадмандонааш, пеш аз ҳама, кишвар ва миллатро аз вартаи нобудшавӣ раҳодода,истиқрори сулҳ ва гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро дар асоси ғояҳои нав ва арзишҳои миллӣ муттаҳиднамуда,бо сиёсати хеш роҳи демократиро дар кишвар вусъат дода, ҳамкории тарафайн бо созмонҳову давлатҳои хориҷӣ барпо карда, мавқеи устувори Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, амсолипроблемаи оби нӯшиданӣ, мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ, мубориза бар зидди маводҳои нашъаовар нишон дода, иқтисодиёти кишварро аз бӯҳрон раҳо дода, ба сатҳи маърифати шаҳрвандон, алалхусус наврасону ҷавонон таваҷҷӯҳи хосае зоҳир намуд.
Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ вадинию мазхҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ вакирдорҳоиразилонаавзои сиёсии сайёраро ноором карда,ҳамароба ташвиш овардааст. Терроризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳоё шахсони алоҳидабо истифодаи қувва, зӯроварӣба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеамебошад.
Пас аз пош хӯрданиИттиҳодиШӯравӣдар аксарияти кишварҳои минтақа, азҷумлаҶумҳурииТоҷикистонмаҳзҳамингунаҳизбуҳаракатҳовасозмонҳо, азқабили«Ҳизб-ут-таҳрир», равияилинии «Салафия», ҷамъияти«Ансоруллох», «Кумитаи - 24»ҲНИТ ва ғайрапайдошуданд, кимақсадионҳо нест намудани пояҳои давлатдорӣва ноором сохтани вазъи сиёии мебошад.Шаклқоизуҳуриин падидаи номатлуб терроризм аз руи хусусиятхояш гуногунҷабҳабуда, дар давраи ҳозирадар шаклҳоигуногунзуҳурмекунад: инфиҷорнамудани фурудгоҳҳо, ҷойҳоисеродам, барҳамдодан ва валангор намудани объектҳоимахсусанмуҳимистратегӣ, бо роҳизӯрӣгаравгонгирифтаниодамон, дар зеҳнимардумвориднамудани тарсу ваҳмванобоварӣбафардоиҳаётиосоишта, таҳдидикуштанва нобуд кардани ходимони давлатӣ, сиёсӣ ва гайра.
ҲукуматиҶуҳурииТоҷикистонтамоми зуҳуротиноматлуби замони муосир, хусусан терроризм ва эксремизми диниро маҳкумменамояд. Терроризмвабои аср имрӯзаҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣкасб намудааст ва барои ҷомеаибашарӣ таҳдидҳои навро эҷодменамояд. Имрӯзмебояд нисбат ба гурӯҳва ҳаракатҳоитеррористонифротгароӣ, ки азтарафи бархе азкишварҳоиабарқудратсозмон дода сармоягузорӣмегараанд ва бо истифода аздини мубиниИслом,ки оини покиву таҳаммулгароист, ба амалитеррористӣ даст мезананд, хуни ноҳакмерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаибашариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бурд. Яке аз омилҳои пайдоиши ба истилоҳ"терроризми исломӣ" таассуби динӣ мебошад. Ифротгароӣ, тундгароӣ, терроризм аз таассуби динӣ сарчашма мегирад.
Таассуб дар қалбифарде, ки ба ин мариз мубтало шудааст, нафрату адоват ва одамбадбиниро тарбия мекунад. Таассуби динӣ шахсро танҳо дар доираи худу ҳаммаслаконихуд банд мекунад ва дар руҳияи худбинӣва ҷаҳолатбанд месозад.
Дарки бешууронаи арзишҳои ислом, сатҳипасти дониш ва ҷаҳонбиниидинӣ ва дунявӣ боиси хурӯҷитаассуби динӣ мегардад.
Таассуби динӣ дар муҳите рушд мекунад, ки ҷахонбинии илмӣ, дастовардҳои илм ва арзишҳои дунявӣшадидан пахш гардида, дар ҷомеамуҳити равонии махдуд дар омезиш бо эҳсосоти динӣ ба вуҷуд меояд.
Танҳо фикри озод, андешаи солим, рушди илму маърифат метавонад таассубро аз байн барад.
Бо иқдоми Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистондар моҳииюли соли 2015 дар шаҳриДушанбе баргузор шудани конференсияи бонуфузи байналмилалӣ «Ислом зиддиэкстремизм ва терроризми динӣ» бо иштироки намояндагони кариб 30 кишвари ҷаҳонбори дигар шаҳодатмедиҳад, киҶумҳурии Тоҷикистондар самти мубориза бар зидди ифротгароии динӣ дар минтақава арсаи ҷаҳонбетавофут нест.
ПрезидентиҶумхурии ТоҷикистонЭмомалӣРаҳмон ханӯз7 декабри соли 2015 дар Иҷлосияи сеюми фавқулоддаиСозмони Конфронси исломӣ дар шаҳриМосква дар суханрониихуд таъкид намудабуданд, ки “террорист дар асли худ миллат, мазхаб ва Ватан надорад” .
Президентикишварамон, ҶанобиОлӣ Эмомалӣ Раҳмондар асарҳова Паёму баромадҳои худ ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистонбеасосииандешаҳоигуногунро қатъиянмаҳкумнамудаднд. «Гузашта, ки имрӯздар миёни ҷаҳониисломваҒарбсадде нофаҳмӣ ба вуҷудомадааст, киторафтазимухатарнокмегардад, мутаассифона, дар тафаккури доираи муайяни Ғарбчунинақидаҷойгарифтааст, кигӯёифротгароӣ хоси табати ислом - яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад.Динимубиниислом, чундинҳоидигар, инсониятробатаҳаммул, тараҳхумватавозӯъхидоятнамуда, хама гуна зӯроварӣвакушторромахкуммесозад. Бинобарин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатогииҷиддӣаст. Терроризм ба ягон дин, мазхабё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчунманбаи зӯровариюфишор қаламдодкарда нашавад, мо бояд ба ҷахолатмаърифатро муқобилгузоштава ба ҷои муқовиматитамаддунҳогуфтугӯитамаддунҳороба роҳмонем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣвагуфтугӯисудмандмуваффақнагардад, хатаритерроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад».
Пӯшиданест, ки дар ҳудудиҷумҳурӣсодиршавии ҷиноятҳоихусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта то ҳолба назар мерасад. Ин моро ҳушдор медиҳад, то ба хулоса оем ва дарк намоем, ки омилҳоибарангезандаи кинаву адовати динӣ ва ҳамзамонмиллию маҳаллӣдар ҷомеаимо то ҳолпурра решакан нашудаанд. Ҳаряк фард бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳовазифаи мақомотиҳифзиҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонииҳар як шаҳрвандибономусимиллатмебошад. Дар чунин ҳолат, иқдомиқатъииҲукуматиҷумҳурӣқабулиҚонуниҶумҳурииТоҷикистон«Дар бораи озодии виҷдонваиттиҳодияҳоидинӣ»(соли 2009), Қо-нуни ҶумҳурииТоҷикистон«Дар бораи дин ва ташкилотҳоидинӣ» (1 декабри соли 1994), манъ кардани фаъолияти ҷараёнуҳизбқоиифротӣаз қабили «Ҳизб-ут-таҳрир»(19 апрели соли 2001) ва «Салафия» (18 январи соли 2009),ҚонуниҶумҳурииТоҷикистон«Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2 августа соли 2011),стратегияи давлатӣ оид ба муқовиматбарзиддитерроризмваэкстримизмбароисолҳои (1016-2020) пас овардани ҷавононе, ки ғайриқонунӣдар таълимгоҳҳоихориҷииисломӣ таҳсилмекарданд ва ғайрахеле саривақтӣ буданд.
Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро масъалаи доғи рӯзаст.
Барои он, ки гароиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд аз оиласар кардамасъулиятибаландитарбияиватандӯстӣ,донишандӯзӣва муҳаббатикасбуҳунардарбайнинаслинаврасваҷавонвасеъ ба роҳ монда шавад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар ниҳоди онҳо парваридани ҳисси меҳанпарастӣ, садоқат ба Ватан, нишон додани нақши харобиовару фоҷиабори амалҳои номатлуби террористию экстремистӣ, зиракии сиёсии шаҳрандонробаландбардоштанва ғайра метавонанд, омилҳои муассиртарини муборизабармуқобилиравияҳоиэкстримистию террористӣ бошанд.
Бабаева Машҳура, сармуаллимаи кафедраи
педагогикаи умумии МТД “ДДХ ба номи академикБ.Ғафуров”.