ОМИЛИ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ ҶОМЕА

Дар таҳлили муҳтавои суханрониҳо ва Паёмҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон мушоҳида намуд, ки масъалаи таҳкими худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамчун унсури меҳварии сиёсати фарҳангӣ ва маънавии давлат ҷойгоҳи марказӣ дорад. Таваҷҷуҳи пайваста ба мафҳумҳои «бедории миллӣ», «зиракии сиёсӣ» ва «таҳаммулпазирӣ» аз зарурати таҳкими суботи иҷтимоӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои идеологӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бармеояд. Аз дидгоҳи илмҳои ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносӣ, ин раванд ҳамчун механизми таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ ва таъмини амнияти маънавӣ арзёбӣ мегардад.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» аз ҷониби Сарвари давлат, ифодаи равшани сиёсати бунёдкорона ва стратегияи дарозмуддати давлатдорӣ мебошад. Ин иқдом дар заминаи консепсияи рушди устувор, ки ҳамгироии омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавиро дар бар мегирад, метавонад ба ташаккули муҳити мусоиди созандагӣ, баланд гардидани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мусоидат намояд.

Бо чунин равиши системавӣ, масъалаи худшиносии миллӣ на танҳо ҳамчун арзиши фарҳангӣ, балки ҳамчун захираи стратегии рушди давлат ва кафили суботи дарозмуддати ҷомеа арзёбӣ мешавад.

Дар заминаи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба марҳилаи сифатан нав ворид мегардад. Чунин ташаббуси давлатӣ на танҳо даъват ба ободкориву созандагист, балки барномаи фарогири таҳкими фарҳанги шаҳрвандӣ, боло бурдани сатҳи маърифати сиёсӣ ва густариши худогоҳии миллӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди огоҳу масъули Ватани соҳибистиқлолро зарур аст, ки дар доираи иҷрои рисолати шаҳрвандии худ ҷиҳати беҳдошти муҳити зист, ободонии маҳалли иқомат ва фаъолияти меҳнатӣ, инчунин саҳмгузорӣ дар рушди фазои маънавии ҷомеа иқдом намояд.

Дар баробари корҳои созандагӣ, масъалаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба мероси таърихию фарҳангии миллат аҳамияти калидӣ дорад. Зеро, тибқи назарияи иҷтимоишавии шахсият, маҳз дар давраи наврасӣ ва ҷавонӣ пояҳои маънавию арзишии инсон ташаккул меёбанд. Агар ҷавонон бо мафҳуми худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз овони аввал ошно гарданд, онҳо на танҳо арзишҳои миллӣ, балки принсипҳои ахлоқӣ ва маънавии ҷомеаро низ амиқ дарк менамоянд.

Тавре ки Президенти мамлакат — Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, худшиносӣ заминаи асосии иштироки фаъоли шахсият дар раванди таърихсозӣ мебошад. Аз ин рӯ, таҳкими худогоҳӣ на танҳо як арзиши фарҳангӣ, балки шарти муҳимми рушди устувор ва пойдории давлатдорӣ ба шумор меравад.

Идомаи мантиқии чунин андешаҳо тақозо менамояд, ки масъалаи худшиносиву худогоҳӣ на танҳо дар сатҳи шиор, балки ҳамчун раванд ва низоми мукаммали тарбиявию иҷтимоӣ татбиқ гардад. Зеро худшиносии миллӣ, аз нигоҳи илмҳои фалсафа ва ҷомеашиносӣ, шакли олии шуури ҷамъиятӣ буда, дар заминаи дарки таърих, забон, фарҳанг ва арзишҳои умумибашарӣ ташаккул меёбад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши равандҳои иттилоотӣ, ки боиси таъсири фарҳангҳои гуногун мегарданд, таҳкими ҳувияти миллӣ ба сифати механизми ҳифзи амнияти маънавӣ аҳамияти хос пайдо мекунад. Ҷомеае, ки дорои пояҳои устувори худшиносӣ аст, метавонад ба таҳдидҳои идеологӣ ва фарҳангии беруна муқовимати созанда нишон дода, ҳамзамон дар фазои муосири тамаддунӣ мавқеи арзандаи худро ҳифз намояд.

Аз ин лиҳоз, татбиқи сиёсати созандагӣ ва ободкорӣ бояд ҳамзамон бо баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон сурат гирад. Ободии зоҳирӣ бе такомули маънавӣ наметавонад ба рушди устувор оварда расонад. Бинобар ин, ҳамгироии корҳои инфрасохторӣ бо барномаҳои тарбиявию фарҳангӣ шарти асосии муваффақияти ин иқдом маҳсуб мешавад.

Нақши муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин раванд басо муҳим аст. Тарбияи насли ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси таърихӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ бояд ба як равиши доимӣ ва ҳадафманд табдил ёбад. Танҳо дар ин сурат метавон интизор дошт, ки ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа дар раванди бунёди давлати муосир саҳми фаъол мегузоранд.

Дар баробари масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, низоми таълиму тарбия бояд ба сифати пояи асосии рушди устувори ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор гирад. Зеро, тибқи назарияи сармояи инсонӣ, сатҳи пешрафти ҳар давлат аз дараҷаи маърифат, малака ва ҷаҳонбинии шаҳрвандони он вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ, такмили сифати таҳсилот, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи замони муосир ва густариши тафаккури интиқодӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешаванд.

Яке аз масъалаҳои муҳим — ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар байни наврасону ҷавонон мебошад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки ҷойгоҳ ва масъулияти худро дар ҷомеа дуруст дарк намоянд, ба қонун эҳтиром гузоранд ва дар таҳкими давлатдорӣ саҳмгузор бошанд. Ҳамзамон, тарбияи эҳсоси масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ ва таҳаммулпазирӣ метавонад ба коҳиши падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ мусоидат намояд.

Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, масъалаи саводнокии рақамӣ низ аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад. Омода намудани ҷавонон ба истифодаи дурусту самараноки захираҳои иттилоотӣ, ҳифзи онҳо аз таъсири манфии муҳити маҷозӣ ва ташаккули фарҳанги муоширати рақамӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати таълимӣ мебошад. Бе ин омил, рақобатпазирии неруи инсонӣ дар бозори меҳнат маҳдуд мегардад.

Ҳамзамон, таҳкими робитаи кӯдакистон , оила ва ҷомеа ҳамчун се муҳити асосии иҷтимоишавии шахсият бояд ба роҳ монда шавад. Оила нахустин мактаби тарбия буда, кӯдакистон, мактаб ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ин равандро ба таври илмӣ ва низомнок идома медиҳанд. Танҳо дар сурати ҳамоҳангии ин ниҳодҳо метавон шахсияти комил — дорои дониш, ҷаҳонбинии васеъ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро ташаккул дод.

Тавре ки Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд, сармоягузорӣ ба соҳаи маориф сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст. Аз ин рӯ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, такмили заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон бояд ҳамчун афзалияти доимии сиёсати давлатӣ боқӣ монад.

Ҳамин тариқ, фарогирии масъалаҳои таълиму тарбия дар доираи сиёсати созандагӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ заминаи устувор барои ташаккули ҷомеаи донишбунёд, фарҳангсолор ва аз лиҳози маънавию ахлоқӣ пешрафта фароҳам меорад. Маҳз тавассути таълиму тарбияи муосир метавон насли дорои тафаккури созанда, масъулиятшинос ва ватандӯстро ба камол расонид, ки ояндаи давлатдориро бо эътимод идома диҳад.

Худшиносии миллӣ, ҳамчун шакли олии шуури ҷамъиятӣ, дар ҳамбастагӣ бо низоми муосири таълиму тарбия заминаи ташаккули шахсияти комил, ватандӯст ва масъулиятшиносро фароҳам месозад. Танҳо дар шароите, ки корҳои ободонӣ бо рушди маънавию зеҳнӣ ва боло бурдани сатҳи маърифати шаҳрвандон ҳамқадам бошанд, метавон ба ҳадафҳои стратегии миллӣ ноил гардид.

Дилрабо Қодирӣ,

мудири кафедраи педагогика ва психологияи томактабии

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ