Оқибатҳои бетарафӣ ба миллаткушӣ
Имрўз бархе аз душманони миллат аз дуриҳо истода нисбат ба давлату миллати худ суханони таҳқиромез гуфта, шахсони баландпояи кишварро тўҳмат мекунад, ки ин гуна ашхосро метавон хоин ва ватанфурўш ва нокасу палид ном бурд.
Ҳимояи ватан аз чунин нафарони бадхоҳ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Дар асл бигирем, ҲНИ барои ташкил намудани гурўҳҳои муташакили ҷиноятӣ, терористӣ-экстремистӣ машғул шуда, мехостанд бо кўмакҳои давлатҳои хориҷӣ дар кишвари азизамон ҷанг оғоз намоянд. Ў имрўз бозичаи кишварҳои хориҷӣ гардида, мардуми осоишта ва сулҳхоҳи тоҷикро ба ташкил намудани эътирозҳо даъват намуда истодааст.
Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои ҲНИ ва душманони миллати тоҷик, мо бовари комил дорем, ки ваҳдату оромӣ ва сулҳу суббот дар ватанаи соҳибистиқлоламон бебозгашт давом медиҳад, мо кушиш мекунем, чунин нохалафон бар зидди кишвари биҳиштосои мо сухан нагуяд.
Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ-миллӣ Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми баромадҳояшон қайд менамоянд, ки терроризму экстремизм давлату миллат надорад ва зиркиву сиёсиро аз даст надода ба фирефтаи онҳо дода нашавед.
Саҳми арзанда ва сиёсати сулҳпарваронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имруз дар кишвари мо сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан арзёбӣ мегардад.
Ҳар руз дар арсаи олам ҳодисаҳое ба вукуъ мепайванданд, ки нисбат ба онҳо бепарвову бетараф будан харгиз раво нест.
Ҳодисаҳои моҳи ноябри соли гузашта, кидушманони миллат дар Бадахшон байни мардум фитна андохтанд, хостанд ба воситаи мардум ҷомеаро ноором карда, кирдорҳои ҷиноятӣ анҷом диҳанд. Аз гуруҳҳои ҷиноӣ лидер сохтанд ва мардуми соддаро душманони миллат бовар кунониданд, ки кори онҳо дуруст аст. Бубинед давоми чанд рӯз чӣ қадар нооромиву бенизомӣ сар зад ва мо чӣ қадар хавотир будем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таваҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Нақшаҳои баде, ки хоинони миллат кашида буданд, оқибат ба он овард, ки худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуданд. Бо иғвою дасисаҳои худ, ки нисбати халқи тоҷик доштанд охирпушаймон гаштаанд, ки имрӯз он суде надорад.,ки онҳо инсони дарбадар дур аз Ватан мебошанд. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурушанд.
Хулоса, ҳодисаҳои гузашта моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори наҳзатиёни “бунёдгаро» ва хоҷагони онҳо дуруст хулоса барорем. Барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар – терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар якҷоягӣ бар зидди он мубориза барем.
Гурдофариди Рустам