Оҷизи нотавонбин!
Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо қадамҳои устуворона сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишварро татбиқ менамояд ва ба ояндаи босубот муваффақона рафта истодааст. Расидан ба ҳадафҳои стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи он аллакай дастоварди воқеӣ гаштаасту ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар тадриҷан амалӣ шуда истодааст. Мубаддалшавии иқтисодиёти кишвар аз воридкунандаи сементу баъзе маҳсулоти сохтмонӣ, гӯшти паррандаву тухм, меваю сабзавоти тару тоза ва хушк, маҳсулоти консервӣ, маҳсулоти бофандагию ресмонресӣ ва ҳоказо ба содироткунандаи онҳо шаҳодати пешравии иқтисодиёт ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар бо дастгирии ҳамаҷонибаи мардум мебошад.
Давоми мукотиба ва вохӯриҳо бо нафароне аз мамлакатҳои ҳамсояи наздику дур онон бо ҳавас аз фазои орому осудаи кишвар ва пешравиҳои Тоҷикистон ҳарф мезананду аз иқболу толеи баланди миллат, ки роҳбари ғамхору муваффақ, дурбину дурандеш насибашон шудааст, қоил мешаванд. Аммо, ҳайҳот дар ҷомеа на ҳама дорои чунин ҳиссиёти беолоиши инсонӣ ҳастанд ва мутаасифона бахилу ҳасуд ва нотавонбинон дар байни ҷомеаи мо наз мавҷуданд, ки дилсиёҳу палид касби модарзодиашон мебошад. Ин тоифаи бадзотон аз ҳаёти ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон баъзе ахбору маълумотҳоро ҷамъ оварда бо каҷфаҳмиҳо ба зумраи хоини ватанфурӯши ташкилоти террористию экстремистии Ҳазби наҳзати ислом пешниҳод менамоянд.
Нобакорони наҳзатӣ бо сардории Кабирии ландаҳури аблаҳ аз хабарҳои бахилона ҳангомаю ҳарза, бӯҳтону иғво мебофанду ба ҷаҳониён чун ҳақиқати воқеӣ пешкаш месозанд. Ҳилаю фиреб, макру ҳиллаи Муҳиддин Кабириву чоплусони ватангадояш аслан бо фармоиши хоҷагони маблағгузори хориҷӣ таҳия ва тарҳрезӣ мешаваду баъзе ифротгароёни дохилӣ ба онҳо ҳамшарикӣ мисли ҳамҷинсгароӣ мекунанд. Ҳатто ин тоифаи чоплус андеша ҳам намекунанд, ки обу нони Ватан онҳоро кӯру оҷиз мекунад. Зеро, ақлу тамиз, адлу инсоф, фаҳму фаросот онҳоро тарк кардаасту нафси худ ба Иблиси малъун фурӯхтаанд.
Вагарна, чӣ ҳоҷатест, ки бар ивази шукрона аз ҳаёти орому осуда, хуррамиву нишот ба амали хабаркашиву бӯҳтонбофӣ, бадандешиву бадкирдорӣ ангезанд. Олудаи наҷосати худ аз фазои созандаю бунёдкорӣ берун мондаандва ҳатто қудрати дарки пешравиҳоро надоранд. Чунин тоифаи махлуқоти одамсиморо Парвардигор оҷизу нотавонбинӣ ҷазо додаасту садқаи ақлу идрок шудаанд.
Бигузор ин оҷизону нотавонбинонро аз даргоҳи Аллоҳ ҷазои муносиб расаду сазои нонкӯриашон вазнин бошад!
Собиров Мурод Собитҷонович-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатииХуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”