ҶОИЗАВУ НИШОН ВА СИПОСНОМАИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ ХУҶАСТА БОД!
Санаи 22-уми октябр дар Муассисаи давлатии “Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон бо иштироки шоирону нависандагон ва қаламкашони ҷавон аз минтақаҳои гуногуни кишвар баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи он муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баргузории машварат як қатор адибону олимон бо ҷоизаву нишон ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла ба чор нафар устодони Донишгоҳбарои хизматҳои арзанда дар тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ, рушди адабиёти муосир ва фарҳанги миллӣ, тараннуми дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми муносиб дар тарбияи маънавии ҷомеа ва таҳкими ҳуввияти миллӣҶоизаву Нишон ва Сипоснома тақдим карда шуд.

Матлубаи МирзоюнусбоҶоизаи ба номи Маҳастии Хуҷандӣ,Умеда Ғаффорӣ ва Замира Ғаффорӣ бо Нишони ифтихори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Сурайё Ҳакимова бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

Ин мукофот натиҷаи меҳнати содиқона, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва тадқиқотиарзишманди устодон дар рушди илму адаб мебошад.
МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо чунин устодон ифтихор намуда, ин дастоварди навбатиро самимона табрик менамояд.