Оинаи илму маориф Паём аст!

Санаи 28 декабри соли 2024 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбати дар бораи самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар Паёми ироагардида, ҷамъбасти муваффақиятҳо, бурдбориҳо ва натиҷаҳои соҳаҳои гуногунро таҳлилу баррасӣ намуданд, ки дар он чунин масъалаҳо ба монанди: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, дохиливу хориҷӣ, таъмини некӯаҳволии мардум, наврасон, толибилмон, мактабу маориф, варзиш, занону ҷавонон, ҳаёти фарҳангӣ, маънавиёти ҷомеа, гардиши молу маҳсулот, даромади аҳолӣ ва пасандоз, таҷлили ҷашнвораҳо ва ғайра хамчун ҳадафҳои пурмуҳтавои имрӯзу фардои давлат ибрози ақида карда шуд.
Президенти мамлакатамон зимни ироаи Паёмашон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки тағйироту инкишоф ва рушду нумӯъи давлатамон маҳз аз хизмату корнамоиҳои халқи шарфманди тоҷик аст ва ҳамаи ин дастовардҳо дар тӯли муддати кӯтоҳи таърихӣ яъне, 33 соли Соҳибистиқлолӣ ба даст оварда шудааст.
Аз сароғоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд намуданд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти сиёсати кишвар илму маориф мебошад ва барои боз ҳам такмил додани соҳаи номбурда чораандешиҳо ба роҳ монда шуда истодааст, аз ҷумла қайд намуданд: “дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд”.
Мусаллам аст, ки сол аз сол дар тамоми мамлакатамон биноҳои барҳавою замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботҳои ҷаҳонӣ сохта ва барои истифодаи тамоми таҳсилкунандагони соҳаи илму маориф супорида шуда истодаааст
Бояд зикр намуд, ки системаи илму маъорифи мо ҳамқадами замона буда, имрӯз даҳҳо мактаббачагон, донишҷӯён, омӯзгорон, муҳаққиқон, ихтирокорон ва олимони мо дар симпозиумҳо, олимпиадаҳо ва форумҳо ширкат варзида сазовори ҷойҳои сазовору намоён гашта, эътирофи олимони сатҳи ҷаҳонӣ гардида истодаанд.
Таърих гувоҳ ба он аст, ки он халқу миллатҳое, ки рӯй ба илму маориф ниҳодаанд ҳамеша рушду нумӯъ кардааанд ва ояндаи накӯи худро бо дастони созандаи худ бунёд намудаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар пайравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мо ҷавонон ин иқдоми накӯро ҳамчун як ибтикори бузург дастгирӣ ва пайгирӣ менамоем.
Инчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхории беназирашонро дар соҳаи техника ва технологияҳои муосир ҳамеша равона менамоянд, ки ин ҳам баҳри пешбурди соҳаҳои илму техника ва маорифу иқтисодиёт равона карда шудааст, исботи гуфтаҳои болоиро дар пешниҳоди Сардори давлатамон, ки дар Паёмашон иброз доштанд “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд”, оварда метавонем.
Ҷиҳати боз ҳам такмил додани соҳаи илму техника истифодаи он дар саноату иқтисодиёти рақамӣ ва дигар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва тайёр намудани кадрҳо Президенти мамлакатамон дар Паёмашон иброз намуданд, ки “Дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахасисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомозӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад”. Исботи ин гуфтаҳояшонро дар нишондоде, ки дар Паём оварда шуд: “Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.
Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд”, мушоҳида карда метавонем.
Мо медонем, ки на дар ҳамаи кишварҳои рӯи ҷаҳон барои рушди илму тениника чунин шароитҳо фароҳам аст аз ин имкониятҳо беназир ҳар нафар бояд шукрона кунад зеро, он халқияте, ки барои тақвияти соҳаҳои номбурда аҳмият медиҳад пешбару бурдбор мегардад.
Соле нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пербурди соҳаи илму маориф ва ҳаллу фасл намудани муаммоҳои ин соҳаҳои номбурда, дурнамои он чораандеши ва дастуру супоришҳо надиҳанд, зикр намуданд, ки “Мо соли 2024-ум бо аҳли илм ва маорифи кишвар ду маротиба мулоқот карда, мушкилот ва дурнамои соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намудем ва барои ислоҳи вазъ дастуру супоришҳои қатъӣ додем.”
Ҳар он бадбахтие, ки ба сари ин ё он халқият, миллат ва давлати рӯи олам меояд аз ҷаҳолату нодонӣ ва дур мондан аз илму маориф мебошад, ки ин воқеиятро Президенти кишвар чунин тазаккур намуданд: “Бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад, то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”. Яъне илму маориф нурест, ки имрӯзу ояндаи ҳар як халқу миллат ва давлатро равшан мегардонад ва рӯй наовардан ба он сабабгори рӯзҳои сангину торик мегардад.
Барои дастгирии кормандони соҳаи илму маориф ҳар сол дар Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маош боло бардошта мешавад ва ин боиси хушнудии омӯзгорону донишҷӯён, олимону муҳаққиқон ва дигар намояндагони соҳа мегардад. Дар баробари ин аз ҳар нафар кӯшишу ғайрати дучанда ва содиқонаро баҳри рушду нумӯи касбу кори худ талаб менамояд ва далели гуфтаҳои болоиро аз Паём пешкаш менамоем. “Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам, ки аз 1-уми сентябри соли 2025:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад”.
Имрӯз ба назди ҳар як шаҳрванди ватандӯсту худогоҳ рӯй овардан ба илму маориф заруру ҳатмист. Зеро, дар замони муосир мо ягон касбу кореро номбар карда наметавонем, ки бе илму маориф рушду нумӯъ мекарда бошад.
Ғамхориву дасттгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату ҳукуматро дар пешбурди илму маориф ҳамеша эҳсос менамоем ва аз ин ифтихор дорем.
Миллате, ки ҳамқадами илму маориф аст, ҳар гоҳ на танҳо барои худ балки, барои тамоми инсоният накӯии беандоза ва хайрияти умумро ба сомон мерасонад.
Дар фарҷоми сухан бояд қайд намуд, ки дар риштаи илму маориф имрӯз давлати мо мавқеъ ва мақоми сазоворро дар сатҳи ҷаҳонӣ ишғол менамояд ва ҳамаи ин бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва Пешвои дурандешу фарҳангдӯст Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Аҳрорӣ Бузургмеҳр - сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа?
Масаидова Бисайфура – муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа