ОҒОЗИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Санаи 12-уми ноябри соли 2025 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ дар майдони варзишии бинои таълимии №2 маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд ва волейбол байни устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид.

Ҳадафи баргузории чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ ва дарёфти варзишгарони соҳибистеъдод унвон мешавад.
Муовини ректор оид ба тарбия Маҳмудзода Бахтиёр мусобиқаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин замина, даҳҳо иншооти муҳташами варзишӣ: қасрҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, варзишгоҳҳо ва толору майдончаҳои варзишӣ бунёд гардида, шароити мусоид барои таъмини оммавияти варзиш фароҳам оварда шуданд, ки ин ҳама маҳз аз татбиқи яке аз самтҳои фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад.
Дар идома сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода ба сухан баромада, иқдоми мазкурро дар самти сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои муҳимми давлатӣ ва таҳкими ғояҳои ватандӯстиву худшиносии миллӣ миёни ҷавонон муҳим арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ на танҳо ба тарбияи ҷисмониву маънавии донишҷӯён балки дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иттилоъ дода шуд, ки мусобиқаи варзишӣ аз санаи 12 то 20-уми ноябри соли 2025 доир гардида, 14 даста аз рӯи намудҳои варзишии футболи хурд ва волейбол байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.
Маркази иттилоот ва таҳлил