​ОҒОЗИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁН

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷавонон санаи 15 майи соли 2026 дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр»-и Донишгоҳ мусобиқаи варзишӣ байни донишҷӯён бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон оғоз гардид.

ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин мусобиқаро ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ дар доираи татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ба рушди варзиш, таҳкими саломатии ҷавонон ва ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.

Таъкид гардид, ки бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 10 феврали соли 2024 Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, 25 май «Рӯзи ҷаҳонии Футбол» расман эълон шуд.

Зикр гардид, ки имрӯз ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд аз ҷиҳати маънавию зеҳнӣ ва ҳам ҷисмонию варзишӣ фаъолу солим ба камол расанд.

Сипас сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Исматзода Бахтиёр суханронӣ намуда, ҷавононро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфт. Мавсуф иброз дошт, ки варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ба шумор рафта, барои ташаккули насли солиму ватандӯст ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ифтихори миллӣ нақши муҳим дорад.

Ҳамчунин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимзода Ҷаҳонгир зимни баромади худ таъкид намуд, ки ҷавонон пайравони воқеии сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат буда, метавонанд тавассути дониш, фарҳанг ва варзиш дар рушди ҷомеа ва пешрафти кишвар саҳми арзанда гузоранд.

Қабл аз оғози мусобиқа барномаи фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардида, дар идома дастаҳои ширкаткунанда муаррифӣ шуданд. Сипас қисми аввали мусобиқа дар фазои дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва рақобати солим оғоз ёфт.

Иштирокчиён бо рӯҳияи баланд ва омодагии ҷиддӣ маҳорати варзишии худро нишон дода, барои ба даст овардани ғолибият байни ҳам рақобат намуданд.

Маркази иттилоот ва студияи "Фурӯғ"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ