​Оғози марҳилаи таҷрибаи омӯзгорӣ дар факултети филологияи тоҷик

Дар факултети филологияи тоҷик конфронси ифтитоҳии таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯёни курси сеюми шуъбаи рӯзона баргузор гардид. Дар конфронс муовини декани факултет Азизов Сорбон, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, дотсент Тиллохоҷаева Муҳаббат, методистони зергурӯҳҳо ва инчунин педагогу равоншиносон иштирок карданд.

Таъкид гардид, ки барномаи таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯён ба онҳо имкон медиҳад, ки донишҳои назарии худро дар амал татбиқ намоянд.

Дар идомаи конфронс фармоиши ректори донишгоҳ аз ҷониби мудири кафедра ироа гардид. Масъулин қайд намуданд, ки таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯён қисми муҳим ва таркибии барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ин марҳила ба донишҷӯён кӯмак мекунад, ки малакаи амалии омӯзгориро дар соҳаи таҳсилот ба даст оранд ва донишҳои назариявии худро дар муваффақияти касбӣ истифода кунанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ