ОҒОЗИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ
Имрӯз дар толори факултети санъати Донишгоҳ конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯён баргузор гардид. Чорабинӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвият бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ» ва Рӯзи илми тоҷик доир гардид.

Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин оғози ҳафтаи илмро ба иштирокчиён табрик гуфта, зикр намуд, ки ҳамасола дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми моҳи апрел – Рӯзи илми тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ба таъкиди ӯ, ин иқдом нишонаи таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти олии кишвар ба рушди илм ва қадршиносии аҳли таҳқиқ мебошад.
Дар бахши илмии конференсия доктори илмҳои филологӣ, профессор Замира Ғаффорӣ дар мавзуи «Чеҳраҳои мондагор ва нақши он дар тақвияти ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ», доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҷамшед Алиҷонов дар мавзуи «Тамоюлҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар замони Истиқлол» ва номзади илмҳои физика-математика, дотсент Зарифҷон Юсуфӣ дар мавзуи «Рушди энергияи сабз ва афзалиятҳои истифодаи панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон» маърузаҳои илмӣ ироа намуданд.
Баромадкунандагон дар маърузаҳои хеш масъалаҳои муҳимми марбут ба таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ тавассути омӯзиш ва муаррифии чеҳраҳои барҷастаи таърихиву фарҳангӣ, таҳлили амиқи раванду тамоюлҳои рушди иқтисодии кишвар дар давраи Истиқлол, арзёбии дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда, инчунин имконияту дурнамои истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда, бахусус энергияи офтобӣ ва нақши онҳо дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»