Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт
Сулҳу осоиштагӣ, фарзонагӣ, якдигарфахмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст.
Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, хамдигарфахму поктинату миллатдӯст будан аст.
Вахдат-беҳтарин неъмат, хаёти инсон, орзуву армон, тахкими давлат, наҷоти миллат, рушди точикон , нумуи даврон хастии инсон дар хар замину замон аст.
Вале ҳодисаҳое, ки чанде пеш дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон рух доданд ҳамаро ба ташвиш овард. Мо ҳарду мардуми мусулмонем ва ҳамсоягони наздикем, пас чаро бояд муноқиша кард. Муъмин бародари муъмин аст. Ҷангу ҷидол туҳматҳои беасосу хархаша ба кӣ даркор? Бахусус дар замони ҳозира, ки ҳамаҷоро бемории COVID-19 иҳота кардаасту мардум аз паи саломатии худ ҳастанд.
Сабаби муноқишаву даъво ва хунрезӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон барои бештар аз 400 километр марзи таъйинношуда аст. Ҷангу даъво асосан барои замин, роҳу об ва манобеи табиӣ сар мезанад.
Мо тарафдори оромӣ ва сулҳ дар ҳарду ҷониб ҳастем. Зеро солҳост, ки мардум дар фазои дӯстиву ҳамдили зиндагӣ мекарданд. Ба тӯю маъракаҳои ҳамдигар иштирок мекарданд, аз ин деҳа ба деҳаи дигар арӯс мебурданд ва риштаи хешу табори мебастанд.
Дар урфият мегӯянд, ки “дӯстӣ зафар орад – душманӣ хатар”, яъне аз дӯст вафо аз душман ҷафо. Пас биёедба ин муноқишаҳо нуқта мегузорем ва ҷангу хархашаро бас мекунем.
Чуноне, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт: "Тоҷикистон масоили марзиро бо Қирғизистон дар доираи қонунҳои амалкунанда ва бо роҳи дипломатӣ баррасӣ мекунад". Мо дар замони истиқлолият умр ба сар мебарем ва ҳамаи мушкилиҳоро бо роҳи ҳамдигарфаҳмиву якдили бояд ҳал намоем.
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душмани орад ба мардум рӯзи сахт
Биоишаи Назар