​Одамиро нашояд зотфарқӣ кунад!

Қазияи боздошт ва ба ҳабс гирифтани шаҳрванди бо номи Иззат Амон чандест, ки аз ҷониби палидону беҳаёёни ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати Ислом, минҷумла сардори нобакори ҳилагари он Муҳиддин Кабирӣ боиси ҷоғу лофзании беҳуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст. Амалҳои қаллобӣ ва дигар аъмоли Иззат Амон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар баъд аз даъвогарии бархе аз нафарони муҳоҷир маълум гардидааст ва мақомотҳои дахлдор дар доираи салоҳияти худ бо татбиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ кардаанд. Шукронаи Парвардигор мебояд кард, ки дар ҷомеаи орому босуботи кишвар ҳар як шаҳрванд дар ҳимояти давлат қарор дораду ҳифзи тамоми ҳуқуқҳои онҳо кафолат дода мешавад. Барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар фарқе нест, ки ҷиноятро кӣ (шаҳрванд ё мансабдор ) содир кардааст, бояд ҳама баробар дар назди қонуни давлат ҷавоб диҳанд. Ҳатто, ин нукта дар ҳадисҳои мубораки Муҳаммад Пайғамбар таъкид гардидааст, ки қонун меъёри адолат асту барои риоя ҳатмии он ҳама, аз Пайғамбар то дигарон масъуланд.

Кабирии бадзот, ки хиёнату ватанфурӯшӣ, ивази мазҳабу макри авом пешаи доимии ӯст, дар ҳар амали давлатдорони Тоҷикистон чун саги бӯйгир бӯйи баде мекобад. Ҳол он, ки худи ӯ палидтарин ва разилтарин одамест, ки ба бӯйи бади ӯ ҳатто хоҷагони хориҷиаш тоқат надоранд. Ҳайрон мешавед, ки кӯрнамаки ватангадо Кабирии муртадро чӣ алоқаест бо Иззат Амон? Магар, ғараз танҳо аз бадгӯйӣ нисбати Ҳукумати қонунии кишвар бошад, ин нафари фоиқро мебоист аввал “гиребони худ бӯй кунад”.

Кабирӣ, ки худ лӯхтаку зочаи зархариди хоҷагони аҷнабист, ҳатто ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки бар амали созандаву бунёдкоронаи шаҳрвандони Тоҷикистонисоҳибистиқлол эрод гирад. Гарчанде, ин маккори муғризро, ки хоки муқаддаси Тоҷикистон парваридааст, вале ин мунофиқ хоки Ватанро қадрдонӣ карда наметавонаду танҳо дасисабозию иғвогарӣ ва палидиро медонаду халос.

Итминони қавӣ дорем, ки нафарони солимақл дар қазияи Иззат Амон ва ҷараёни судии марбута мавқеи озодандешию солимфикриро пеша менамояндудаме нагузашта таърих ҳукми одилонаро исбот менамояд ва ҳақдор ба ҳақмерасад.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ