​Нуралӣ Нуров директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ таъйин шуд

Бо фармоиши ректори Донишгоҳ доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нуров ба вазифаи директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ таъйин шуд. Мавсуф то кунун вазифаи муовини ин ниҳоди илмиро ба зимма дошт.

Ректори Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом дар муаррифии роҳбари нави институт ширкат варзида, пеш аз ҳама фаъолияти Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ зери роҳбарии профессор Умеда Ғаффороваро дар даҳсолаи ахир назаррас арзёбӣ намуд. Номбурда афзуд, ки замони роҳбарии Ӯ ин ниҳоди илмӣ дар таҳия ва нашри осори фаровон, таълифи ҳамасолаи бештар аз 100 мақолаи илмӣ ва татбиқи барномаҳои бузурги илмӣ муваффақ гардидааст. Бо ташаббуси профессор Ғаффорова Умеда дар назди институт фаслномаи илмии «Оинаи пажўҳишгоҳ» таъсис ёфт, ки то имрўз панҷ шумораи он ба чоп расида, аз қайди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст.

Роҳбарияти Донишгоҳ Умеда Ғаффороваро ҷиҳати саҳми арзанда дар таҳкими фаъолияти Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ, ташаббусҳои судманд дар самти таъмини рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва хидмати арзанда дар тарбияи кадрҳои лаёқатманди соҳаи илм бо сипоснома қадршиносӣ намуд.

Профессор Аюб Усмонзода ин ниҳодро як нерўи бузурги илмӣ маънидод намуда, изҳори умед кард, ки минбаъд низ бо ташаббуси кормандони институт корҳои бузурги илмӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд.

Идомаи таҳия, таҳқиқи мероси ниёкон, нашри сарчашмаҳои адабӣ, матнҳои осори адабие, ки имрўз ҷомеаи мо ба мутолеа ва омўхтани онҳо ниёз доранд, таҳия ва нашри таърихномаҳои куҳан, ки дар онҳо нақш ва мақоми таърихии тоҷикон, таъмини нашри доимии фаслномаи «Оинаи пажўҳишгоҳ» ва тавсеаи доираи мавзуии мақолоти он, таҳқиқи масъалаҳои худшиносии миллӣ, оини ватандўстӣ, тарбияи ахлоқии насли наврас дар осори адибони классик ва муосири тоҷик, баргузор намудани конфронсу ҳамоишҳо ва нашри маҷмўаи мақолот, густариши ҳамкориҳо бо марказҳои илмии ватаниву хориҷӣ, таҳияи лоиҳа ва тарҳҳои илмии муштарак, ширкати фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии вилоят, суҳбату суханрониҳо дар воситаҳои ахбори умум, нашри мақолот вобаста ба масъалаҳои муҳими рўзгори ҷориро аз вазифаҳои муҳими кормандони институт унвон намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ