Нуқтаи назар дар ҳошияи ҳаводиси Бадахшон
Санаи 22 май соати 18:18 изҳороти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро АМИТ ХОВАР нашр намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: " Имрӯз соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Хоруғи Боло бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии м. Бархоруғ Мамадбокиров Мамадбокир Карамалишоевич кушта шуд...". Дар тамоми расонаҳо ва ҳатто сомонаҳои берунӣ ин хабар нашр гардид. Баъзеҳо ҳатто бо ибораи гуноҳи худро шустан ӯро шаҳид бароварданд ва баъзеи дигар маросияҳои дурӯғин низ навиштанд. Ҳатто баъзе расонаҳои беруниву ифротӣ ҳамин хабарро ҳам пӯшиши дигар доданд, ки ин ҳам як навъ хиёнат бар пеша аст.
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров яке аз нафароне буд, ки бо супориши хоини миллат, террорист Алим Шерзамонов пайваста мардумро ба нооромсозии авзои ҷомеа, қатлу куштор, хунрезиву гумроҳӣ даъват мекард. Аз худ як лидери сиёсӣ тарошида, ҷавонони ноогоҳ ва камсавод, мардуми фақиру бенаворо бо фишору таҳқир зери доми худ дароварда, ба беназмиву роҳгум, зидди арзишҳои миллӣ, зидди сохти конститутсионӣ ва оқибат ба бесарусомониҳо мекашид.
Маҳмадбоқир фаришта нест, чанд ҷинояташро қаблан дар расонаҳо бозгӯ намуда буданду ошкор шуда буд. Дуруст аст, ки аз ҷавобгарии ҷиноятӣ мегурехт, лек боз ҳилларро ба кор бурд. Аниқтараш дар ҳиллаи сохтаи Алим Шерзамонови террорист ғарқ шуд. Ҳамин аст, ки наҳзатиёни террорист ҳатто мурданро ҳам амри хайр номиданд ва қурбонӣ шудани ҷавононро омили демократӣ унвон намуда, боз наҳзатиёни террорист мехостанд, ки ҷавононро гумроҳ созанд. Аммо, вале, лекин дигар дер шуда буд. Чун, аллакай тамоми мардуми сарбаланди Бадахшон фаҳмид, ки Алим Шерзамонови террорист ва роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирии террорист Маҳмадбоқири ҷиноятпеша ва ҷавононро истифода бурдаанду халос! Вақте Маҳмадбоқир гуфтаашонро пурра иҷро накард, бо истифода аз ҳамдасти худаш ба қатл расониданд.
Санаи 2 феврали соли ҷорӣ 2022 аз ҷониби Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбати Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда кушоданд.
Зеро ин нохалаф ба сардори Идораи маорифи ВМКБ, Лутфулло Наврӯзов дарафтода ӯро латукӯб ва шиканҷаву таҳқир намуд. Ҳамзамон номбурда чандин маротиба ба даъвати мақомоти маҳаллӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳозир нашуда, мардумро ба ошӯб ва бедодӣ кашид.
Тавре мушоҳида намудем рӯзи 2-юми феврал тавассути телевизиони Бадахшон намоиш дода шуд, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, изҳор доштанд, ки нисбати Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо гумони “истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият”, “таҳқири намояндаи ҳокимият”, “вайрон кардани дахлнопазирии мардум”, “барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ” парвандаи ҷинояӣ оғоз гардид. Алим Шерзамонов, аз раҳбарони ташкилоти экстремистӣ-террористии Паймони миллӣ ва узви Шӯрои Анҷумани террористони Озодандешон, пайваста бо террорист Маҳмадбоқир дар иртибот қарор гирифта бо дасти ӯ мехост аъмоли ҷинояткоронаашро амалӣ созад. Аммо бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад. Айнан маълум мегардад, ки Морзамонов Алим Маҳмадбоқирро ба доми худ афтонда, ӯро кушт.
Бо вуҷуди он, ки борҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат бо андешаи инсондӯстона ва ба хотири оромии вазъи ҷомеа аз ҷумла 4 феврали соли ҷорӣ ба Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров имкон дод, то худро таслими мақомот кунад, аммо баръакс саркардаи гурӯҳи ҷиноӣ садҳо ҷавони гумроҳ ва бесаводро дар маҳаллаи зисти худ ҷамъ оварда чунон вонамуд кард, ки ба ҳеч ваҷҳ ӯро таслими мақомот нахоҳанд кард.
Ҳатто дар мулоқоти раиси шаҳри Хоруғ низ Маҳмадбоқир бо як гурӯҳи ҷиноӣ ворид гардида, худро лидер вонамуд ва таҳдидҳо карда буд.
Тибқи маълумоти расида, ин террорист аз ҷониби сагони қотили худаш кушта шуд.
Мардуми сарбаланди Бадахшон акнун метавонанд бо шикастани дасти наҳзатиёни террорист дар Бадахшон (яъне марги Маҳмадбоқир ин шикасти дасти террористони хоинони наҳзати аст) шоҳиди созандагиву ободкориҳои азим бошанд.
Ин ҷо ишора намудан мумкин аст, ки онҳое, ки то имрӯз дар мавқеи як бому ду ҳаво буданд, метавонанд ин байти шоирро фаромӯш насозанд:
Ҳар киро орзуи мурдани мост,
Реш гардида пеш мемирад...