Нолаи чуғзони наҳзатӣ!
Дар ҷомеаи инсонӣ фардҳои алоҳида таҷассумгари арзишҳои олии инсонӣ мебошанд, ки нафарони дигарро низ, дар умум ҷомеаро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамоӣ ва роҳбарӣ мекунанд. Худ чун шамъи фурӯзона хуршеди тобон тамоми нерую тавоноӣ баҳри ҷомеа сарфу харҷ менамоянду парвое аз умри рафтаи хеш надоранд. Вале, ҷомеаи мутамаддин заҳмату талошҳои ӯро ҳамеша васф намуда, дар дилу дидаи худ ҷой медиҳад ва сидқан қаҳрамон мехонаду ситоиш мекунад.
Мебояд қайд кард, ки дар ҷомеа аксарияти фардҳо рӯшанфикранд ва худро дар ҷудоӣ аз ҳаёти ҷомеа тасаввур карда наметавонад ва ҳамеша камари ҳиммат баҳри созандагиву бунёдкориҳо мебанданд. Мутаасифона, баъзе узвҳои камфитрату дилсиёҳ, бадкинаву бахил, ҳасудхӯру бадандеш, беақлу тамиз низ ҳастанд, ки танҳо қудрати хӯрдагирӣ ба амалӣ дигаронро доранду худ нафъе ба ҷомеа расонида наметавонанд. Ҳаёти чунин нафарон мисли ҳаёти чуғзест, ки шабона меноладу рӯзона истироҳат мекунад. Воқеияти ҳаётии рӯзонаро надидаву надониста шабҳо аз нокомии худ дар шикор бо нолаи гӯшхарош ифода мекунад. Овози хунуки чуғз ҷомеаи оромро халалдор месозад.
Мисоли воқеии нафарони ҳаёти чуғзвона дошта амалҳои муғризонаву кинадор, фитнасози тӯдаи наҳзатиён бо сардории Муҳиддин Кабирии муртад мебошад. Ноҷинси дигари ифротзадагони наҳзатӣ Иқболак мебошад, ки бадгӯиву бадандешиаш ҳавои Аврупоро бадбӯй кардааст.
Баъзан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ваъзхонии воизони наҳзатӣ огоҳ мегардаму ҳайрон мешавам, ки наход нафаре, ки худ дарахте сабз накардааст, дигаронро боғдорӣ сабақ диҳад? Охир, ин аблаҳи наҳзатӣ бо чашми бино лаҳзае аз комёбии ҷомеаи моро дидаву дарк карда наметавонад! Ҳол он, ки дар ҳар гӯшаи кишвари маҳбуби биҳиштосоямон ҳамарӯза рӯйдодҳои гуногун ба вуқӯъ мепайванданд, ки мояи ифтихору сарбаландии ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ, меҳанпарасту босадоқат мебошад.
Бунёди иншоотҳои таъиноти саноатӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеаи падидаи босуботи ҳамешагӣ аст, ки эътимоди моро ба фардои тобон қавитару бузургтар менамояд. Зеро, дар партави сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар ҷомеа рӯз то рӯз нурбору сафобахш гашта истодааст. Бинобар, ин мо сарҷамъона баҳри ободониву суботи Ватан пайваста заҳмати софдилонаро мароми доимии худ қарор додаем. Нолаи чуғзони палиди наҳзатӣ дар ҷомеа ноаёну беасар боқӣ хоҳад монду танҳо нофорамӣ аз онҳо табъро хира месозад. Мебояд якҷоя ин бадбӯёни наҳзатиёнро муқовимат намоем, ки майнаи соддалавҳони ҷомеаро олуда насозанд.
Илоҳо сархури саргардонони сарбохтаи саръзада гардӣ Кабирии фосиқи рубоҳмиҷоз!
Собиров М.С. - дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷандба номи академик Б.Ғафуров”