​Нолаи чуғзи бадбӯй!

Фазои озоди иттилоотӣ, ки ҳукмрон дар сайёра аст, барои ташаккули мафкураи солими ҷомеа заминаи мусоид мебошад. Вале, дар истифодаи фазои солими мавҷуда мебояд пиндору гуфтор ва қалби нек дошт, ки ҷомеаро ба ояндаидурахшон ҳидоят созад. Гарчанде, ки аксарияти ҷомеаи ҷаҳонӣ, алалхусус соҳибватанони мо дар ин ҷода устувору эътимодбахш мебошанд, ҳастанд тоифаи муғризу палид, ки мехоҳанд ҷомеа, алалхусус насли ҷавонро олудаи ғояҳои ифротӣ намоянд. Мисоли аёни ин нобакории аблаҳона фаъолиятинафарони ҳаромзадаи наҳзатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, ки саропо иғвогарию, дасисабозӣ, фитнаангезӣ, буҳтонбофию амалҳои дигари бадандешиву дилсиёҳиро дар бар мегирад.

Ба сифати амалҳои палидонаю разилонаи нафарони худозадаи наҳзатӣ метавон ҷилваронии ноҷинси гузаро Муҳаммадиқболи Садриддинро дар барномаи “Минбари муҳоҷир” метавон мисол овард. Аввало, унвони барнома муваззаф менамояд, ки ба мушкилоти муҳоҷирон машғул бошаду пайгири беҳтар кардани шароити иҷтимоӣ-иқтисодии онҳо дар кишварҳои дигар бошад. Баъдан, барномаро мебояд муҳоҷирони меҳнатӣ зеб диҳанд, на ватангадоёни ватанфурӯш!

Дар асл бошад, нафарони ноҷинс ин платформаи иттилоотиро барои татбиқи ғояҳои ифроттии худ истифода намуда фаъолияту роҳбарияти олии кишвар ҳатто баъзе ҷузъиёти ҳатмии ҷомеаи ваҳдатсароямонро дар бар мегирад, яъне куллан “минбари мағзшӯии майнаи ҷавонон” гаштааст.

Худи Иқболбию Кабирии иблиссифаташ кист, ки бехабар аз ҳақиқати воқеӣ, дур аз хоки аҷдодӣ бо “хабарҳо” – и баъзе ватанфурӯшони дохилӣ аз боби сиёсату сиёсатмадорӣ ҳарф мезананд? Ин рӯбоҳони мурғмизоҷ ақаллан саводи касбии ин ё он муассисаи олиро надоранду худро мутафаккири ҷаҳонӣ метарошанд!? Охир ин кӯрсаводонро гар тарҳи хоҷагонашон набошад, ҳарфе гуфта наметавонанд.

Алалхусус, Иқболбӣ аз хурдсолӣ ба чоҳи шаҳват афтодаву сиёсатро дар бағали қумондонҳо омӯхтааст? Агар ин тавр набошад, чаро гуфтораш саропо бадбӯиву ҳудҳуду нолаи чуғзро мемонад!

Ҷавоби арзандаи ҷомеа ба чунин афроди палид инкори тамошои барномаи “Минбари муҳоҷир”, пешгирии майнаю тафаккури солим аз олудашавӣ ба палидиҳо мебояд бошад! Ё худ Иқболбӣ мардӣ кунаду он хабаркашони дохили кишварро номбар кунад, ки тавонем онҳоро ақлу дороӣ баркашид!?

Лаънат ба ҳаромзадагони “минбар” – и хоинон!

Собиров Мурод Собитҷонович-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ