​Низомиёни беинтизом!

Ҳодисаҳои рӯзҳои охири соли равон дар деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара собит месозанд, ки на танҳо дар ҷомеаи Ҷумҳурии Қирғизистон, балки дар мақомотҳои қудратӣ низ анархия (бенизомӣ, худхоҳӣ) ҳукмрон аст. Зеро, бидуни дарки воқеияти қазияи пайдошуда тиркушоӣ ба ҷониби нерӯҳои Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад, ки дар низомҳои ҳамсоякишвар эҳсосоту ғазаб, ҷаҳолату қасоскорӣ болотар аз Низомномаю фармонҳои сардорон асту аслиҳаи мудҳиш ба дасти бархе аз беақлони бефаросат дода шудааст ва онон чӣ тавре зарур донанд, аз он истифода мебаранд.

Гарчанде, ки файласуфу сиёсатшиносон анархияро модари тартибот донанд ҳам, воқеият исбот менамояд, ки оқибати анархия бесарусомонӣ ва нооромиву ҷангу ҷидол аст. Риоя накардани меъёрҳои муқарраркардаи Созишномаҳои сершумори байнидавлатӣ доимо аз ҷониби қирғизтаборон оғоз меёбаду дарҳол муноқишаҳои шадидро хоҳону талабгор мешаванд. Худ қазоват кунед, ки аз ҳар ҳолати зиддиятҳои маишӣ агар ҳодисаи зиддияти байнидавлатӣ сар занад, дар оқибати чӣ гуна аҳволи давлатдорӣ мешавад. Қирғизтаборон ба иғвою дасисаҳои баъзе ашхоси зархарид фирефта шуда амалҳои ноҷояро бар ҳамсоягони худ раво мебинанд, ки доираи муносибатҳои дӯстонаро тангу маҳдуд мекунад. Дурнамои чунин ҳолат боиси ногувор гаштани вазъи иқтисодӣ – иҷтимоии ҷонибҳо мешаваду мардуми оддӣ азобу машаққат мекашанд ва сиёсатмадору иғвоангезон холҳои сиёсю даромади муфт ба даст меоваранд.

Аз ин лиҳоз, ба мардуми минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон бо Тоҷикистон муроҷиат карда боисрор талаб менамоям, ки ҳушёру зирак бошанд. Ба доми макри хоҷагони рӯбоҳмиҷоз банд нашаванду андешаи ному намаки меҳмоннавозиҳои тоҷиконаро аз майна дур накунанд. Танҳо чунин рафтор ояндадор асту ҳаллу фасли мусолаҳаомезро ба бор меоварад. Подоши амалҳои боандешаро оромиву ҳамзистии осоишта мукофоти хуб хоҳад бурду мардуми тоҷик қадршиносу қадрдонанд ва гарчанд кинаву хусумат надонанд ҳам, қодиранд бесабру бетаҳаммулонро дарси адаб омӯзанд.

Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ