Нест бод хоини миллату давлати азизи мо Точикистон, Муҳиддин Кабирӣ!

Дар таърихи миллати тоҷик рӯзҳое, ки фаромӯшнашаванда аст, ин ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Ин рӯзҳои сахте, ки ба сари миллати тоҷик омада буд, асло дигар наояд. Шахсан худи ман намехоҳам,ки ин хоини Ватан Муҳиддин Кабириро ба ном ба забонам гирам. Ин душмани халқи бегуноҳ модаронро бе писар, фарзандонро бе падар, занҳоро бе шавҳар кард. Ҳазорон хуни бегуноҳро резонд. Ҳазорон кӯдакон аз падар ятим монданд. Садҳо мардуми бегуноҳро аз зиндагии орому осуда маҳрум уард. Ашки чашмони модаронро резонд. Тоҷикистони орому осударо ба як кишвари ҷангзада табдил дод. Ҳазорҳо шаҳру деҳаро валангор кард. Мардуми бегуноҳ дар Ватани худ Тоҷикистон чинҷу ором гашту гузор карда натавонистанд.

Шахси бомаърифат бояд ба сухани ин душмани миллат бовар накунад. Зиндагии орому осудаои худро ноором нагардонад. Ин хоини Ватан аз мамлакатҳои хориҷ ба сари миллати тоҷик санг зада истодааст. Кабирӣ мардуми бегуноҳи тоҷикро бо фиребу найрангҳояш ваҳшиена ба катл расонид. Ин наворҳоро то ҳол ба мардум нишон дода истодаанд. Мардуми аламдида ба сухани ин ватанфурўш бовар намекунанд, лаънат мехонанд ба ин хел шахс. Чандин гурезаҳо дар мулки Афѓонистон ҷон додаанд. Модарони бегуноҳ дар он ҷо фарзандони худро аз даст доданд, то ҳол модарону падарони аламдида дар ѓами фарзандони ѓарибмурдаашон ҳастанд. Бо кўмаку дастгирии Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомаллӣ Раҳмон гурезаҳо ба хона, оилаҳои худ ба давлаташон Тоҷикистони азиз баргардонида шуданд. Модаре, ки фарзандашро, кўдаке, ки падарашро, зане, ки шавҳарашро дар ин ҷанги шаҳрвандӣ аз дасти хоини Ватан Муҳиддин Кабирӣ гум кардааст, то ҳол аромўш накардааст ва намекунад. Мо ватандорон фахр мекунем, ки чунин Пешвои миллат дорем. Оромиву осудагӣ ба масъулияти ҳар як шахрванд вобастагӣ дорад. Агар Ватан орому осуда бошад, сулҳу субот, нозу неъмат фаровон гардад, меҳру муҳаббати мардум нисбати ҳамдигар зиед мегардад.

Ин душмани миллат қариб буд, ки Ватани азизи мо Тоҷикистонро пароканда кунад. Одами бад ба муроду мақсад намерасад е ин, ки чи тавре, ки гуфтаанд “Бори каҷ ба манзил намерасад”. Дар ҳақиқат хизматҳои арзандаи ин марди бузург Президенти Чуҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо дар Ватани азизи худ оромона кор вафаъолият бо падару модарон ва фарзандон зиндагӣ карда истодаем.

Нест бод, Кабирӣ! Ба суханони индушмани ҳалқ, хоини Ватан асло бовар намекунем. Аз забони шоир ба ҷавонони шарафманди Ватанамон гуфтаниям.

Ба ҷуз меҳри Ватан ишқи дигар нест,

Ба фарзандони бонангу вафодор.

Мо шаҳвардони давлати соҳибтамаддун, ки сол аз сол симои худро дигар карда истодааст, бояд фахр кунем бо Пешвои миллати худ, Сарвари маорифпарвари миллат ҳамеша саломат бошанд ва офтоби чеҳраи хандонашон рўи минбарҳои олам равшан бахшад.

Моҳпайкар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ