Нест бод хоини давлат!
Мутаасифона душманони халқу давлати тоҷик,ки хоинони миллатанд мехоҳанд бо ҳар гуна роҳу усулҳо нисбати давлати тинҷу осоиштаи мо афкори ҷомеаи ҷаҳони имрӯзаро вайрон созанд. Аз дур истода иттилоотӣ дурӯғ медиҳанд. Вале халқи тоҷик кӯр нест ва худ дида истодааст, ки саҳми Пешвои миллат дар рушди кишвар чӣ гуна аст.
Муҳаммадиқболи Садриддин созмондиҳандаи асосии ҳодисаҳоинангини солҳои пешин дар кишвар, ки боиси фавти фарзандону пайвандони мардуми тоҷик гардид, имрӯз озодона дар Аврупо умр ба сар мебарад, мардумро бо роҳи дурӯғу фиреб алайҳи давлату миллат шӯронид ва онҳоро дар монда, худ фирор кардааст. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Муҳаммадиқболи Садриддин ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишондиҳад. Акнун дар хориҷи кишвар аз қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ кӯшиши молиявӣ гирифта, мехоҳанд боз фазои кишварро тира кунанд ва ҳамчун як муҳра ба манфиатҳои бегонагон хизмат менамояд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳиллаю найранги ин хоинон тасодуфӣ ва ғайричашмдошт нест. Мардуми кишвар аз амалҳои ноҷавонмардонаи онҳо хуб воқиф ҳастанд.Ҳадафи дигари ин ҷараёни экстремистӣ дур намудани мардум аз арзишҳои аслии миллӣ ва динӣ мебошад, ки онҳо мехоҳанд эҳтиром ба бузургон, падару модар, идҳои миллӣ, фарҳангӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллиро байни мардум заиф намуда, аз байн баранд.
Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза ҳифз намудани дастовардҳоиИстиқлолияти давлатӣ, ҳуввияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаҳое ҳастанд, ки аз иҷрои онҳо ба пойдории Тоҷикистони азизи мо мусоидат мекунанд.
Мо устодон, ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамоем. Мо мутмаъинем, ки дер ё зуд Муҳаммадиқболи Садриддин ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт. Имрӯз ӯ тӯҳматчигиро пеша кардааст.
Кӯшиш менамоем, ки донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия карда, мутахассиси соҳаи худ шуда, хизмати Ватанро адо намоянд ва шукронаи давлату ҳукумат ва тинҷию амнияти кишварро ба ҷо оранд.
Гурдофариди Рустам