​Нест бод хиёнаткорони Ватан!

Агар ба марҳилаҳои ташаккулёбии матбуоти тоҷик назар афканем, он новобаста аз имконоту шароит, вазъи сиёсиву иҷтимои давраҳо рисолати худро содиқона ба ҷо оварда, инчунин, ҳамеша дар рушду такмил будааст. Матбуот аз қадимтарин воситаи ахбор маҳсуб шуда, минбаъд бо рӯи кор омадани радиову телевизион низ мавқеъ ва ҷойгоҳи худро аз даст надод. Чунки воситаи чопӣ ҳамеша хонанда, арзиш ва рисолати ҷудогонаи худро дар ин ҷода соҳиб аст. Бинобар ин, густариш ва нуфузи шабакаҳои интернетӣ ба ҳеҷ ваҷҳ қиммати рӯзномаро кам намекунад. Матбуот рисолати бунёдие дорад, ки ин хусусият дар шабакаҳои интернетӣ ба назар намерасад.

Дар вақташ сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ гуфта буданд, ки “Рўзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рўзнома надорад, гўё забон надорад».

Ҳоло солҳои охир баробари рушди илму техника ва дастрасии васеи интернет ба ҷомеаи ҷаҳонӣ имконият фароҳам омадааст, то ки дилхоҳ иттилоъро аз дилхоҳ макон дар саҳифаи фейкии худ ё ютуб ҷойгир намояд, ки дар муддати кӯтоҳ хонандаи худро пайдо намояд. Ҳарчанд ҷойи рӯзномаву маҷалла ва телевизионро гирифта натавонанд ҳам аммо аз рӯи теъдоди истифодабарандагон доираи васеъро ташкил медиҳад.

Дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ на ҳамаи соҳибони маводи нашршударо метавон дарёфт намуд. Агар баъзе аз ифротиён бо чеҳра баромад кунанд ҳам аммо, таблиғи ҳадафҳои онҳо маълум аст...

Дар ягон вақт ҷойи матбуот гирифта намешавад, зеро хонданбобу кайфияти худро дорад. Аммо чун интернет суръати баланди кайҳонӣ дорад, бо сӯиистифода аз он гурӯҳҳои хиёнатпеша мехоҳанд онро ҳамчун яроқу аслиҳа истифода баранд. Фаъол гардидани гуруҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ: ТЭТ ҲНИ, ПМТ, гурӯҳи 24 ва амсоли инҳо то ҳанӯз барои ҷалби бештари муҳоҷирон ва қишри бесаводи аҳолӣ нигаронида шудааст, ки аз ҷомеаи имрӯза эҳтиёткориро талаб менамояд.

Зинда бод Тоҷикистон азиз, нест бод хиёнаткорони Ватан!

Гулафзо Ҷӯраева – омӯзгори факултети Забонҳои шарқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ