Нест айб эй дӯстон ҳуб-ул-ватан
Доир ба масъалаи матраҳшуда дар мақолаи коршиноси аршади масоили байналмилалӣ, доктори улуми сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо метавон чунин таъкид намуд, ки он яке аз мақолаҳоест, ки дар сатҳи баланди илмӣ ба қалам омада, бо ҳуҷҷатҳову далелҳои қотеъ китобат шудааст. Бояд таъкид намуд, ки мақолаи мазкур барои ҷомеаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур буда, метавонад тавуссути он ҳамаи табақаҳо ва қишрҳои аҳолии ҷумҳурӣ аз он барои худ манфиатҳои зиёди илмиву маърифати доир ба низоҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсояи он Ҷумҳурии Қирғизистон пайдо намояд. Дар ҳақиқат то замони ба нашр расидани мақолаи мазкур ба кулли ҳама аз ин доду ситоди воқеии ин ду ҷумҳурӣ, яъне Тоҷикистон ва Қирғизистон фаҳмиши зиёдеро надошт, вале баъди ба нашр расидани он дар ҳамаи воситаҳои иттилоотӣ аз қабили рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои интернети ва ғайраҳо доир ба ин масъала маълумоти комил пайдо намуда, боиси ба ваҷд омадани ғурури миллии ҳар фарди ҷомеа гардид.
Ҳақиқатан, бояд ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар бораи ин масъала, ки аз масоили бисёр муҳим ва он ҳам бошад арзу буми “Ватан” ва нангу номуси ватандорӣ ва меҳанпарастӣ ва меҳри “Модар” мебошад, бисёр ҳушёрона ва дар бораи он дониши мукаммал дошта бошад. Чунки миллати тоҷик аз қадим-ул-айём то ба имрӯз бо ҳамаи ҳамсояҳои худ ва халқи ҷаҳон робитаи хуби инсониву тафоҳуми байниҳамдигар зиндагӣ намуда, ҳамеша манфиати ҳамагонро манфиати худ донистааст. Бояд таъкид намуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо яке аз ҳамсояҳои худ бо чашми адоват нанигариста ва ба ҳеҷ кишваре таҷовузкорӣ накардааст. Аз ҷумла, муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзҳои охир бо Ҷумҳурии Қирғизистон каме сард гардид, ки он ҳаққи қонунӣ ва дахлнопазирии он мебошад. Бояд хуб аҳамият дод, ки талаб намудани ҳаққи қонунии худ, ин таҷовузгарӣ ва нодидагирифтани ҳуқуқи дигарон ба ҳисоб намеравад. Аслан баъди нашри мақолаи мазкур маълум гардид, ки низои марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон барои як роҳ ва ё як деҳа набуда, балки он заминҳои зиёди қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегирад, ки бо далелу ҳуҷҷатҳои қавӣ заминҳои мардуми тоҷик будани он ба субот расидааст, муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.
Аз ин лиҳоз, бояд ҳамаи шаҳрвандон ин мақолаи бисёр муҳимро хонда, доир ба ин низоҳои марзӣ маълумоти комил пайдо намуда, ба умқи мавзӯи мазкур ворид шавад ва онро яке аз масоили муҳим бишуморад. Дар ҳақиқат, дӯст доштани ватан яке аз масоили муҳим ба шумор рафта, онро метавон дар ҳамаи сарчашмаҳо ва осори гузаштаву имрӯза пайдо намуд. Аз ҷумла, яке аз шоирони ширинкаломи форсу тоҷик Камол Хуҷандӣ чунин мегӯяд:
Хоки поят дӯст дорад чашми ман,
Нест айб эй дӯстон ҳуб-ул-ватан.
Ҳамин тавр, бояд ҳамаи мардум аз мақолаи мазкур бохабар гардида, тавонад, ки дар роҳи ба гуши ҷаҳониён расонидани ноадолатӣ ва аҳдшикании ҷониби Қирғизистон саҳми худро бигӯзорад ва кӯшиш ба харҷ диҳад, ки он яке аз шохаҳои дарахти ватандорӣ ва меҳанпарастӣ ба шумор меравад.
Ҳомидиён Ҳ.К. дотсенти кафедраи филологияи араб