Наҳзаттарошӣ накунед!....
Чандест, ки расонаҳои хабарӣ аз вазъияти ноороми манотиқи баландкӯҳи кишвар – Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон хабар дарҷ мекунанд. Яке аз авбошиву дигаре ғоратгарӣ, севумин одамрабоиву чорумин маҳалгароӣ, яке аз таъсиси гуруҳҳои ифротиву дигаре таҳдид ба ҷони нафаре... вале ин ҳама рафторҳое, ки ба низоъву хархаша ва нофаҳми байни аҳолӣ, ҳолатҳои ҳузнангезро ба миён меорад, касро ба гирдоби хаёл мебарад, ки наход як низоъи сари роҳӣ, ки бозичаи дасти бадхоҳони кишвар аст, то ба табдили майдону гирдиҳамоиҳо оварда расонад? Наход то ба ҳол гуруҳҳои авбошону ғоратгарон ва таҳдидкунанда ба ҷони инсон дар қаламрави кишвар вуҷуд дошта бошад? Наход то ба ҳол маҳалгароӣ кунему “ту аз ин манотиқу ман фалонӣ гӯем?” – у находҳои дигар! Худ, маҳз ана ҳамин вазъ фарҷоми қарни гузашта мардуми сарбаланди тоҷикро ба майдонҳо оварда расониду билохир ҷанги таҳмилии хонумонсӯз ба миён омад, бародар хуни бародар бирехту ҳазорҳо гуреза шуданд, ҳазорҳо бехонаву дар ва ҳазорҳои дигар кушта шуданд! Магар басанда нест, ки сарзамини пора-пора гаштаро бо арақи ҷабин ҷамъ карда, Тоҷикистон сохтему акнун, ки рӯй ба таррақӣ шуда истодаем?!, боз ба парокандагӣ, ба ҷангу ҷидол ва хунрезӣ рӯй оварем?
Аслан, фаъолияти гуруҳҳои ифротӣ ва ё ҷинояткор мутобиқ ба қонунгузорӣ дар миқёси ягон давлат набояд вуҷуд дошта бошад. Вале чаро то ба ҳол чунин гуруҳҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият мебаранду бар зидди халқи осоишта амалеро раво мебинанд ва ё худро “шоҳ” гирифта, нафареро мавриди лату кӯб ва ё шиканҷа қарор медиҳанд, касро ба нигаронӣ меоварад. Дар ин росто, фаъолияти Муҳаммадбоқир, як сокини ин вилоятро, ки атрофаш сару садоҳои зиёдеро доир ба таҳдид ба нафаре, шиканҷаи шаҳрванде, ташкили гурӯҳҳое, ки моҳҳои охир аз расонаҳо мешунавем, ном гирифтан, нафареро ба тарс меораду дигареро ба нафрат.... намедонам худро аз кадом табақа мегираду ба ки монанд мекунанд, зеро чунин шахсиятҳо аз рӯи мушоҳидаҳо ё хидматгори нафаре мешаванд ва ё худро ба касе монанд карданӣ ҳастанду пайгирӣ ҳамон нафар! Агар чунин аст, пас вой бар ҳолаш! Зеро агар хидматгори хоҷагони хориҷии худ бошад, танҳо фурӯхташудаасту халос, чаро ки фирефтаи маблағҳои сиёҳӣ онҳост! Вале агар худро чун наҳзатиён ҳисобида бошаду шиканҷаҳои дар давраи ҷанги таҳмилӣ кардаи онҳоро дубора такрор карданист, эҳ войи дунё, ки хело хом фикр дорад! зеро тоҷик имрӯз он гумроҳи солҳои наваддум нест, ки дубора фирефта шавад. Дубора бесарусомониро ба халқу миллати худ раво бинад.
Имрӯз халқи тоҷикро танҳо ободиву озодӣ ва шукуфоӣ мезабаду баст! Халқи тоҷик такя ба Пешвои ваҳдатсарои худ дорад ва дастуроти Садри муаззамро, ки чунин аст: “Мо бояд ҳамеша ва махсусан, дар лаҳзаҳои вазнину хатарзо муттаҳид ва босабру таҳаммул бошем, аз каму костиҳои зиндагӣ рӯҳафтода нашавем, дасти якдигарро гирем, давлати миллии худро соҳибӣ кунем ва Ватани маҳбубамонро обод намоем!” пешаи кори худ кардааст ва баҳри шукуфоии ин кишвари маҳбуб ҷидду ҷаҳд мекунад ва ҳаргиз намегузорад, ки нохалафе пеши роҳи мо бошад!
Шарифзода М.