​Натиҷагирӣ аз фаъолияти Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ натиҷагирӣ гардид.

Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Мирзотоҳир Набизода дар бораи мақоми зан дар ҷомеа, таваҷҷӯҳи ҳукумату давлат ҷиҳати дастгирии бонувон ибрози назар намуд. Мавсуф афзуд, ки пас соҳиб гардидан ба истиқлоли миллӣ дар Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд. Дар идома Мирзотоҳир Набизода фаъолияти густурдаи омӯзгорони донишгоҳ аз ҳисоби занону бонувонро таъкид намуда, ба аъзоёни Шӯрои занон оид ба татбиқи қонунҳои амаликунанда, қарору фармоишҳои Вазорати маориф ва илм ҷиҳати тарбияи донишҷӯдухтарон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Баъдан, Гулбаҳор Султонова, мудири бахши кор бо занон ва духтаронҳисоботи нимсолаи Шӯрои занон ва духтаронро ба самъи ҳозирин расонид. Зикр шуд, ки Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ тибқи нақшаи корӣ амалӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки 4500 донишҷӯдухтарон чорабиниҳои фрҳангӣ, маърифатӣ, сиёсӣ, вохӯриву мулоқот, мизи мудавварбахшида ба санаҳои таърихӣ аз қабили 31-солагии Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Омӯзгор, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президент, 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз, 16-рӯзи алайҳи хушунат ва зӯроварӣбаргузор намудаанд.

Инчунин таъкид шуд, ки бо мақсади пешбурди фаъолияти Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ ва ҷиҳати иҷрои қарори Шӯрои Раёсати донишгоҳ дар назди Шӯрои занон аз ҳисоби омӯзгорони фаъолбо номи “Мактаби занони лидер” ташкил карда шудааст ва аъзоёни ин мактаб минбаъд дар факултетҳо барои пешбурди самти тарбияи донишҷӯдухтарон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ фаъолияташонро ба роҳ хоҳанд монд.

Гуфта шуд, ки ҷавобан ба дастгириву ғамғориҳои ҳамешагии Роҳбарияти олии мамлакат занону модаронро водор месозад, ки дар марҳилаи кунунӣ ва хатарҳои ҷомеаи муосир мавқеи устувори шаҳрвандӣ дошта бошанд ва содиқона дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳми худро гузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ