​Насри замони истиқлол: таҳаввули мавзўъ ва жанр

Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ баргузор гардид. Конфронси мазкур дар доираи 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд.

Ҷаласаи ифтитоҳии конфронс дар толори раёсати донишгоҳ сурат гирифта, дар он устодони донишгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво иштирок карданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷӯразода конфронсро ифтитоҳ бахшида, аз аҳамият ва нақши конфронси ҷумҳуриявӣ дар баррасиимасоили марбут ба таҳаввули мавзуъ ва жанри насри замони истиқлол ибрози назар кард.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода доир ба ташакккул ва инкишофи наср дар давраи истиқлол суханронӣ намуд.

Таъкид гардид, ки наср дар тамоми марҳалаи адабиёт чун омили муҳимми созандаи маънавият, баёнгари ҷаҳоншиносӣ ва омили тараққии завқи адабии аҳли ҷомеа шинохта шудааст.

Дар идома перомуни мавзуъҳои вобаста ба конфронс тибқи барнома аз ҷониби як қатор муҳаққиқон, олимон ва устодони ҷумҳурӣ маърӯзаҳо ироа гардид.

Аз ҷумла, узви вобастаи АМИТ, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Аъламхон Кўчарзода дар мавзўи “Масъалаҳои такмили матн дар насри муосири тоҷикӣ” баромад намуд.

Мавзўи“Вазъинасри муосири тоҷикӣ дар оинаи нақд” аз ҷониби профессори кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои филологӣ Матлубаи Мирзоюнус мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дотсент Муртазо Зайниддинзода перомуни мавзўи “Нақши мунаққид дар тағйироти сифатӣ пайдо кардани асари бадеӣ” маърӯза намуд.

Таҳти унвони “Махсусиятҳои жанри бадеии насри замони истиқлол” маърӯзаи мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои филологӣ, профессор Замира Ўлмасова шунида шуд.

Муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои педогогӣ, профессор Хайрулло Сабурӣ маҷмўаи мақолаҳои илмии конференсияро муаррифӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҷмўаи мазкур бо кӯшиши профессор Замира Ўлмасова ва дотсент Субҳони Аъзамзод ба нашр омода гардида, дар он беш аз чиҳил мақолаи илмии муҳаққиқон аз донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ва хориҷ аз он оид ба масъалаҳои гуногуни насри имрўзи тоҷик ҷой дода шудааст.

Конфронс дар доираи бахшҳо дар факултети филологияи тоҷик идома ёфт.

Дар кори бахшҳо масъалаҳои муҳимми насри имрўзи тоҷик, вазъи ин бахши эҷоди адабӣ, муаммоҳои мавзўъ, жанр, сабк ва нақди наср, махсусияти осори ҷудогонаи наср ва мақоми насрнависон дар ташаккули насри имрўзи тоҷик баррасӣ шуданд.

Дар охир эъломияи иштирокчиёни конференсия қабул гардид, ки дар он дурнамои таҳқиқи насри замони истиқлол дар оянда муҳокима шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ