​НАҚШИ УСТОДОН ДАР РУШДИ ХОВАРШИНОСИИ ТОҶИК

Дар доираи баргузории чорабиниҳои «Ҳафтаи илм» дар факултети забонҳои шарқ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши устодони филологияи араб дар рушди ховаршиносии тоҷик» бо иштироки доираи васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Ҳадафи асосии ҳамоиш арҷгузорӣ ба саҳми арзишманди устодони соҳа дар ташаккул ва рушди илми ховаршиносии миллӣ, инчунин ҳавасмандгардонии донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ арзёбӣ гардид. Дар рафти чорабинӣ оид ба аҳаммияти омӯзиши филологияи араб ва нақши он дар густариши равандҳои илмии ватанӣ ибрози назар карда шуд.

Дар қисмати илмии конференсия профессор Умеда Ғаффорӣ дар мавзуи «Рушди ховаршиносии тоҷик дар даврони Истиқлол», дотсент Абдушукур Ғафуров дар мавзуи «Муаррифии осори мондагор» ва доктори фалсафа PhD Саидсултонхон Саидғанизода доир ба ташаккули ховаршиносии тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, намунаҳои барҷастаи осори илмии устодони соҳа, нақши насли ҷавони олимон дар таҳкими пояҳои илмӣ баромад карданд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ ба рушди пайвастаи ховаршиносии тоҷик, таҳкими заминаҳои илмӣ ва арҷгузорӣ ба мероси гаронмояи устодони соҳа мусоидат хоҳад намуд.
Конференсия бо мубодилаи судманди афкор байни иштирокчиён ба анҷом расид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ