НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ВАТАҲҚИҚУ ТАРҒИБИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

Имрӯз дар толори раёсати Донишгоҳ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва таҳқиқу тарғиби адабиёти тоҷик» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлуба Амонзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Каримзода Мирзоқосим, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Қодирӣ, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо, инчунин олимону муҳаққиқон ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Муовини ректор оид ба таълими Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» профессор Абдуллозода Насим Абдулло конференсияро ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ соли 2026-ро «Соли вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободкорӣ ва таҳкиму тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намуданд, ки ин табдири муҳим пеш аз ҳама ба ифтихори таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сурат гирифт.

Таъкид шуд, ки аз рӯзҳои аввали роҳбарии Пешвои миллат, бахусус пас аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ, гиромидошти мероси ниёгон ва рушди тафаккури миллӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ин замина, таҷлили ҷашнҳои миллӣ, эҳёи суннату анъанаҳои бостонӣ, гиромидошти шахсиятҳои бузурги таърихӣ ва таваҷҷуҳ ба таҳқиқу тарғиби адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик нақши муҳим бозидааст.

Сипас, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлуба Амонзода дар мавзуи «Мақоми Пешвои миллат дар ташаккули худшиносии миллӣ ва истиқлоли маънавӣ» ба сухан баромада, зикр дошт, ки 35-соли Истиқлол барои миллати тоҷик на танҳо як санаи таърихӣ, балки мактаби бузурги худшиносӣ, худогоҳӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ гардид. Ин дастоварди муқаддас бо номи фарзанди фарзонаи миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Маҳз бо раҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон аз вартаи буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ раҳо ёфта, ба масири рушду субот ва эҳёи маънавӣ ворид гардид.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Султонзода Тоҷибой Султонӣ қайд кард, ки саҳми Пешвои миллат дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва омӯзишу тарғиби адабиёти тоҷик ниҳоят назаррас буда, дар боло бурдани сатҳи маърифати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии ҷомеа аҳаммияти калидӣ дорад.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Каримзода Мирзоқосим дар мавзуи «Мақоми Пешвои миллат дар ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ», вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Қодирӣ дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар тақвияту таҳкими худшиосии миллӣ», сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзуи «Адабиёт ва муқовимат бо бегонапарастӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ», профессори Донишгоҳ Нуралӣ Нурзод дар мавзуи «Шоҳномаи Фирдавсӣ сарчашмаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» маърузаҳои илмӣ ироа доштанд.

Дар маърузаҳо ба масъалаҳои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди маърифати ҳуқуқӣ, нақши адабиёт дар ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ, муқовимат бо таҳдидҳои фарҳангӣ ва идеологӣ, инчунин аҳаммияти осори классикӣ, аз ҷумла «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар тарбияи ҳисси ифтихори миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Таъкид шуд, ки баргузории чунин конференсияҳои илмӣ-назариявӣ барои густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва тарғиби арзишҳои волои фарҳангиву адабии тоҷикон заминаи мусоид фароҳам оварда, ба рушди устувори ҷомеа мусоидат менамояд.

Бояд ёдовар шуд, ки меҳмонон ва иштирокчиёни конференсия дар доираи баргузории ҳамоиш аз намоишгоҳи китобҳо ва дастовардҳои илмиву таълимии Донишгоҳ дидан намуда, бо натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, инноватсионӣ ва таълимии он аз наздик шинос гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ