Нақши Пешвои миллат дар эҳёи Сада

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан,инчунин,муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷои аввал баромад. Дар баробари ин Пешвои миллат ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум баҳои баланд дода, омӯзиш ва тарғиби ин осори гарнбаҳоро вазифаи ҳар як фарди бедордил дониста, доимо даъват ба амал меоваранд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги ниёгонро насли имрӯза дуруст адарк намоянд ва ба он сидқан арҷ гузоранд.
Дар асоси ҳамин ишораҳои ватандӯстона омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносиву мардумшиносӣ дар ҷумҳуриямон бо диди нав оғоз шуд. Махсусан, ҷиҳати шинохти миллати тоҷик таърихи ниҳоят қадимаи он як қатор таълифоти илмӣ арзӣ ҳастӣ карданд, ки онҳо барои таҳаввули тафаккури ҷомеа ва омӯзиши осори гузашта мусоидат намуданд. Ҳамин боис шуд, ки дар ин давра мардуми тоҷик ба омӯзиши таърихи халқи худ ва давраҳои ташаккули он майли бештар пайдо намуданд ва эҳсосу муҳаббаташон нисбат ба ин марзу бум ва мероси гаронбаҳои халқ бештар гардид.
Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин ойинҳои эҳёшудаи мо буда, дар ҳамаи манотиқи кишвар таҷлил карда мешавад. Ниёгони мо паҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадима бо ҳам наздик мебошад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст.
Садаро махсусан кишоварзон бесаброна интизор шуда, бо шукӯҳу шаҳомат баргузор менамуданд. Бо гузашти замон ин ҷашни миллӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгонамон аз нав эҳё шуд.
Сараври давлат ба арзиш ва қимати ҷашнҳои миллӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла қайд намудаанд, ки : “Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсоният, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоаврзонро инъикос менамояд. Бинобар ин зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир,анъанаву расму оинҳо ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулаём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд ”.
Мувофиқи ривояти “ Шоҳнома ”, иди Сада таърихи беш аз 3000 то 5000 – соларо дорост. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёии қадим гирифта шуда, Оташро ифода менамояд. Дар таърих аввалин подшоҳе, ки иди Садаро ҷашн гирифтааст ва амалӣ сохтааст, Ҳушанг мебошад.Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг ба санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Аз Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Ниёгони мо дар ин рӯз ҷашн ороста, тамоми шаб гулхан меафрӯхтанд ва дар гирди он рақс мекарданду суруд мехонданд. Сада то асри 12 ҷашн гирифта мешуд,лекин баъдҳо аз байн рафт. Гузаштагони мо солро ба ду тақсим мекарданд. Панҷ моҳ зимистон ва ҳафт моҳро тобистон медонистанд. Дар рӯзе се моҳу даҳ рӯз гузаштаан аз зимистон, яъне ба тобистон 1 моҳу 20 рӯз мондан садаро ҷашн мегирифтанд.
Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад. Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидоагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани “ ҷашни оташ ” ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.
Дар фарҳанги суннати ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳачун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ дорад, ки он ба ҷашни Сада алоқамандӣмебошад. Дар давраи ташаккули ҳамин унсурҳои бо ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ ду фасли сол доштанд, ки он ҳамон муборизаи Ҳурмузду Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад. Якеро тобистони бузург меномиданд, ки он ҳафт моҳро дарбар мегирифт ва оғози фарвардин (баробари 21 – ум ва гоҳе 22- март ) шурӯъ шуда, то охири моҳи меҳр(баробари 22 октябр ) идома меёт. Дуюмиро зимистони бузург меномиданд, ки оз аввали моҳи обон ( баробари 23 октябр ) сар мешавад ва то поёни моҳи исфадро(баробари 20 март ) дар бар гирифта, 150 рӯз идома меёфт. Ба гуфти баъзе донишиандон зимистон бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст.
Дар хақиқат устураи Ҳушанг ва пайдоиши оини Сада баъдҳо хусусияти милливу маросими гирифта, ба қатори дигар ҷашнҳои мардумӣ ворид шуд ва дар миёни мардум, аз ҷумла тоҷикон мақому манзалати хос пайдо намуд, ки аксари шоирони пешин ва сарчашмаҳои таърихӣ аз тарзи баргузорӣ ва арҷ гузоштани он аз ҷониби шоҳон ва аҳли ахбори зиёде ба ёдгор мондаанд.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи неку суннати аҷдодии бостонии Аҷам баъди суқути тӯлонии таърихӣ дар кишварамон ҳамчуни Иди миллӣ ба расмият шинохта шуда ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад ва хосатан иди Садаро, ки ниёгони мо ба оламиён мерос мондааст, арҷ гузошта мешавад.
Абдукаримов Ҷамолиддин, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров