​НАҚШИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

(ДАР ПАРТАВИ САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢРАҲМОН БА ЧИН)

Сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии мардумии Чин боз як марҳилаи муҳимми таҳкими муносибатҳои стратегии ду кишвар мебошад. Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, имзои санадҳои ҳамкорӣ, махсусан, суханронии пурмуҳтаво дар Донишгоҳи Пекин нишон доданд, ки имрӯз илму маориф ба яке аз меҳварҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва рушди миллӣ табдил ёфтааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки рақобатҳо бештар дар заминаи дониш, технология ва захираҳои инсонӣ сурат мегиранд таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба рушди сармояи инсонӣ аҳаммияти хоса кардааст.

Асоси ин равандро сиёсати “дарҳои кушода”-и Тоҷикистон ташкил медиҳад. Пешвои миллат дар суханронии худ дар Донишгоҳи Пекин таъкид намуданд: “Мо бар пояи усули “дарҳои кушода” сиёсати хориҷии мутавозину сулҳомез ва созандаро роҳандозӣ намудаем ва бемайлон пеш мебарем”. Ин нукта бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон дар тӯли солҳои Истиқлол сиёсати хориҷии худро бар пояи ҳамкорӣ, эҳтироми мутақобил ва рушди шарикӣ бунёд намудааст. Имрӯз Тоҷикистон бо 186 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ дошта, бо даҳҳо давлат робитаҳои стратегӣ ба роҳ мондааст. Ин нишондиҳанда на танҳо муваффақияти дипломатияи тоҷик балки заминаи мусоид барои густариши ҳамкориҳои илмӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2019 таъкид намуда буданд: “Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, мо тавонистем бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшем”. Ин иқтибос бо муҳтавои суханронии Донишгоҳи Пекин ҳамоҳанг буда, нишон медиҳад, ки дипломатияи Тоҷикистон танҳо ба масъалаҳои сиёсӣ маҳдуд нест, балки илму маорифро низ ҷузъи муҳимми манфиатҳои миллӣ мешуморад.

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба рушди илму маориф дар тамоми солҳои Истиқлол як самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ мондааст. Дар суханронӣ дар Донишгоҳи Пекин махсус таъкид гардид, ки “илму маърифат ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа аҳаммияти хосса пайдо кардааст”. Ин андеша нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба рушди давлат бо такя ба илм, дониш ва маърифат аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Зеро имрӯз қудрати давлатҳо бештар ба сатҳи пешрафти илм, технология ва нерӯи зеҳнии ҷомеа вобаста аст.

Пешвои миллат борҳо таъкид менамоянд, ки танҳо бо такя ба илм ва маърифат метавон рушди устувори кишварро таъмин намуд. Имрӯз ин андеша дар амал низ татбиқи воқеии худро пайдо мекунад. Агар дар оғози Истиқлол Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ дошт имрӯз шумораи онҳо ба 48 адад расидааст. Теъдоди донишҷӯён низ аз 70 ҳазор ба зиёда аз 225 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Ин нишон медиҳад, ки давлат илму маорифро ҳамчун сармоягузории муҳим барои ояндаи кишвар мешуморад.

Яке аз самтҳои асосии сиёсати маорифпарварона сафарбар намудани ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ мебошад. Имрӯз зиёда аз 40 ҳазор ҷавони тоҷик дар беш аз 47 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд. Аз ин шумора, дар Чин қариб шаш ҳазор нафар донишҷӯ аз кишвари мо таҳсил намуда, тӯли давраи соҳибистиқлолӣ мактабҳои олии Чини дӯстро дар маҷмӯъ беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон хатм кардаанд. Ин нишондиҳанда аз болоравии эътимод ба низоми таҳсилоти Чин ва ҳамзамон аз сиёсати дурандешонаи давлат дар омода намудани кадрҳои рақобатпазир шаҳодат медиҳад.

Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд илмҳои муосир, технологияҳои нав ва забонҳои хориҷиро аз худ намоянд, зеро ояндаи давлат аз сатҳи донишу ҷаҳонбинии онҳо вобаста аст. Маҳз ҳамин ҳадаф боис гардидааст, ки ҷавонони тоҷик бештар ба омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар ин замина, таъсиси стипендияи “Дурахшандагон” иқдоми муҳим ва стратегӣ ба ҳисоб меравад. Ин барнома барои дастгирии ҷавонони болаёқат ва фароҳам овардани имкони таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таъсис дода шудааст. Донишҷӯёне, ки тавассути чунин барномаҳо дар хориҷ таҳсил мекунанд, баъдан метавонанд дар рушди иқтисод, саноат, дипломатия ва идоракунии давлатӣ саҳми назаррас гузоранд.

Дар ин замина, гирифтани унвони профессори ифтихории Донишгоҳи Пекин низ нишонаи эҳтироми ҷомеаи илмии Чин ба нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Боиси сарфарозист, ки дар ҷараёни мулоқот роҳбарияти донишгоҳ тасмим гирифт ҳамасола барои донишҷӯёни тоҷик 10 бурсия ҷудо намояд. Ин иқдом натиҷаи мустақими сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат мебошад.

Дар идомаи суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин, ки таъкид намуданд: “Дар Тоҷикистон ба омӯзиши забону фарҳанги Чин таваҷҷуҳ дода мешавад” ва “Марказҳои Конфутсий дар назди донишгоҳҳои Тоҷикистон дар таълими забон ва муаррифии фарҳанги Чин саҳмгузоранд” метавон фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, аз ҷумла Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»-ро намунаи равшани татбиқи амалии ин сиёсат арзёбӣ кард. Воқеан, солҳои охир дар донишгоҳ фазои мусоиди омӯзиши забони чинӣ ва густариши робитаҳои илмӣ-фарҳангӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин ташаккул ёфта, ин раванд ба таҳкими дипломатияи гуманитарии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Тавре Пешвои миллат таъкид карданд: “Имрӯз 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон узви шабакаи донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай буда, дар 13 донишгоҳи мо омӯзиш аз рӯйи ихтисоси “забони чинӣ” ба роҳ монда шудааст”. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд низ дар ин раванд мавқеи фаъол дорад. Дар сохтори факултети забонҳои шарқ кафедраи забонҳои форсӣ ва чинӣ амал намуда, дар он омӯзиши ихтисосҳои марбут ба забони чинӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар донишгоҳ мутахассисони соҳаи забони чинӣ ва омӯзгорони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолият менамоянд, ки ин омил ба болоравии сатҳи таълим ва тақвияти муҳити забономӯзӣ мусоидат мекунад.

Таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва илмӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар чорабиниҳои донишгоҳ низ инъикоси равшан дорад. Аз ҷумла, дар Донишгоҳ таҳти унвони “Ҳамкориҳои адабию фарҳангии Тоҷикистону Чин” ҳафтаи забони чинӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Институти Конфутсий ва донишгоҳҳои Чин иштирок менамоянд.

Дастовардҳои донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ низ натиҷаи таваҷҷуҳи рӯзафзун ба омӯзиши забони чинӣ мебошанд. Аз ҷумла, донишҷӯи кафедраи забонҳои форсӣ ва чинӣ Мирзобобоева Зарнигор дар озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” сазовори Ифтихорномаи Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон гардид. Ҳамчунин, донишҷӯёни ин ихтисос ҳамасола дар чунин озмунҳо фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб мешаванд.

Илова бар ин, дар донишгоҳ мунтазам озмунҳои “Тарҷумони беҳтарини забони чинӣ”, “Диктанти беҳтарин” ва дигар чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ баргузор мешаванд, ки ба рушди малакаҳои касбӣ ва рақобатпазирии донишҷӯён мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон, иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар барномаҳои табодули академӣ ва таҳсил дар донишгоҳҳои Чин низ васеъ гардидааст. Ин раванд дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ амалӣ шуда, ба омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Ҳамин тавр, таҷрибаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров собит менамояд, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ва таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони Чин натиҷаҳои мушаххас ба бор овардааст.

Дар шароити рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар, омода намудани мутахассисони соҳибзабон ва рақобатпазир метавонад дар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва гуманитарӣ нақши муассир бозад.

Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин боз як санади муҳимми ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва маориф ба имзо расид. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти мубодилаи илмӣ, техникӣ ва гуманитарӣ заминаҳои нави ҳамкориҳои академӣ ва пажӯҳиширо фароҳам овард. Тибқи ин санад, ҷониби Тоҷикистон ҳамасола пажӯҳишгарони ҷавони то 45-соларо, ки дорои унвони докторӣ ё ҳадди ақал панҷ сол собиқаи илмӣ мебошанд, барои табодули академӣ ва анҷом додани таҳқиқот ба муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо ва корхонаҳои Чин ба муҳлати аз 6 то 12 моҳ мефиристад. Ин иқдом аҳаммияти стратегӣ дошта, метавонад ба ташаккули насли нави олимони рақобатпазир, азхудкунии технологияҳои пешрафта, густариши таҳқиқоти муштарак ва ворид гардидани таҷрибаи муосири илмӣ ба низоми миллии илм ва маорифи Тоҷикистон мусоидати ҷиддӣ намояд. Чунин барномаҳо на танҳо сатҳи тахассусии муҳаққиқонро боло мебардоранд, балки рушди сармояи инсонии кишвар низ таъсири мусбат мерасонанд.

Хулоса, суханронии Пешвои миллат дар Донишгоҳи Пекин ва муҳтавои мулоқотҳо собит намуданд, ки Тоҷикистон рушди илму маорифро ҳамчун асоси давлатдории муосир ва омили муҳимми рақобатпазирии миллӣ арзёбӣ мекунад. Таваҷҷуҳи хос ба таҳсили ҷавонон дар хориҷ, рушди технологияҳои нав, иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ нишон медиҳад, ки кишвар ба марҳилаи нави рушди донишбунёд ворид мегардад. Ҳамзамон, сиёсати “дарҳои кушода” барои Тоҷикистон имконият фароҳам овардааст, ки бо кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Чин, ҳамкориҳои судмандро густариш дода, барои насли ҷавон имкониятҳои нави илму маърифатро боз намояд.

Фаридун Ҳодибоев,

номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ