Нақши илм дар рушду субот ва таъмини амнияти ҷомеа
Дар ҳама давру замон ва кавну макон илм ва ба амал татбиқ гардонидани он нерўи тавоно, офаранда, пуриқтидор ва наҷотбахши иҷтимоъ мебошад.Ҳастии инсон бо ниҳоди офаридагорӣ вағановатманди сириштиботинӣ ва таҷаллии симои ибратомўз тавассути илму дониш ва ақлу хирад зебу зиннат ёфта, ба ин васила нишоти зиндагӣ ва саодати рўзгоррокомёб шудааст. Аз ин ҷост ки низому пешрафти иҷтимоъ,таъмини амният, сулҳу суббот, бунёдкорву созандагӣ, арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии башарба неруи илм ва фазилати инсон алоқаманд мебошанд.
Аз аҳди бостон инсоният ҳамеша дар ҷустуҷӯи илм ва маърифат буда, рози илму ҳикмат мекушоду саодату хушбахтиро ҷӯё мешуд, ки он дар тўлиҳаётмояи ифтихору ҷуръат ва сарчашмаи шуҷоатқарор мегирифт.Дар ин робита ба манзалат ва мақоми шоиста расидану соҳибилм шудани инсонзаҳмати зиёдро талаб мекард. Тавассути илму дониш ақли инсон ғанӣ гашта,аҷсоми олам намои ободӣ ва созандагӣ мегирад. Илм маҳсули хиради инсонӣ ва ғояи ҳаёти одамӣ ҳамчун роҳи расидани инсон ба саодати ҷовидон аст ва маҷмўи донишҳоест, ки дорои ҷаҳонбинивуғояи муайяндар бораи олам, табиат ва ҷамъият буда,ба маърифати наву тоза ақли инсонроғанӣ мегардонад ва чун чароғи равшан ба шинохти ҳақиқат раҳнамун месозад.
Илм дар таълимоти мутафаккирону адибон муҷиби бақою пояндагии ҷомеа ва ҷавҳари ҳастии шинохти маърифат буда, падидаи қудсӣ мебошад, ки ҷуяндаву толибгари он мубарро аз ҳама ғуборҳои ботинст ва ҳамеша шоду хуррам аст.Ҳақ бар ҷониби Мавлоно Ҷалолиддини Балхист, ки мефармояд:
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,
Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ.
Покиза шаву рост бизӣ, илм омўз
То тоҷи наберагони Одам бошӣ.
Дар ҷаҳони пуртуғёну зудтағирёбандаи муосир вабархурду ҳамгироии тамаддунҳо нерўи илм, ғояи таҳаммулпазирӣ ваҳусни тафоҳум дар таъмини сулҳу суббот ва муомилаву муносибати халқҳои сайёра нақши созанда ва аҳамияти хоса дорад.Мафҳумҳои сабру тоқатпазирӣ, таҳаммулгароӣ, масъулиятшиносӣ, сулҳу суббот,некиву накукорӣ , дўстӣ ва хайру эҳсон сифатҳои арзишманди шахсияти инсон буда, тавассути илму донишба дарки худогоҳию хештаншиносӣ ва устувории ҳаёти маънавию иҷтимоии башарият мусоидат менамуд. Осори пурарзишитамаддуни башарӣ, аз ҷумла донишмандони олами ислом ваЮнону Шарқ кулли масоили табиӣ ва иҷтимоироаз назари илмӣ бо овардани далелҳои мўътамад таҳлил ва арзёбӣ намуда,хулоса ва натиҷа мебардоштанд.
Таҳсил ва талабиилм аз давраи тифлӣ то лаҳзаи вопасини ҳаёт барои ҳар як фард зарур аст.Мақом ва манзалати илму дониш дар таълимоти пайғамбарон, донишмандон, мутафаккирон ва адибон ҷойгоҳи баланду шарафманддорад. Ба ин маънӣ фармудаанд:
Илму ҳикматро талаб кун, гар тараб ҷуйӣ ҳаме,
То ба шохи илму ҳикмат пуртараб ёбӣ рутаб.
Ҳадисҳои Пайғамбар(с): «Зи гаҳвора то гўр дониш биҷуй», « Ман фазилати илмро аз фазилати ибодат дўсттар медорам». «Ҷоҳилонро ба олимон баробарӣ мумкин нест», « Оё баробар ҳастанд касоне ки медонанд ва касоне, кинамадонанд. Ҳаргиз не!Ибрат намегирандмагар аз соҳибақлон», «Илм нур аст ва ҷаҳл қубҳ», «Арзандатарин мерос аз падар барои фарзанд илму дониш аст»«Ҳар ки барои талаби илм дар роҳе қадам мениҳад, Худованд аз барои ў роҳе ба сўи ҷаннат мекушояд», «Беҳтарин садақаҳо он аст, ки марди мусулмоне илмро биомўзад ва ба мусулмони дигаре таълим бидиҳад» тарғиби талаби пайвастаи илмро меомўзонад.
Дар ҳар қавну маконе, ки бунёди илму дониш устувор нест, ҷомеароба таассубу ҷаҳолат, тундравӣ, ҷангу бадбахтиҳо ва нобудшавӣмеорад.Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии тамаддунҳо ин ҳаракату ҷараёнҳо вамасъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ ва иқтисодӣбар асоси бунёди ақидаи солимусаҳеҳ , ҷанбаи амиқи илмӣ ва маърифатӣва ба ҳодиса аз диди воқеӣ баҳо додан бояд арзёбӣ шавад.
Дар робита ба ин маъниҳо Пайғамбар Муҳаммад (с) дар симои Салмони Форс ва Абўҳанифа форснажодонромиёни дигар ақвом ҳамчун мардуми донишманд, закӣ ва ҳунарманд мешиносад ва таъкид мекунад : «Агар чунончӣ илм дар ситораи Сурайё ҳам бошад, қатъан мардоне аз фарзандони форс онро ба чанг меоранд»….
Бо ифодаи дигарбеҳтарини Аҷамро Форсдониста чунин таъкид менамояд:«Агар,эй араб, шумо аз ин дин руй бигардонед, қавме пайдо хоҳад шуд, ки кори ин динро пеш хоҳад бурд. Асҳоб аз ў суол карданд, ки он кадом қавм аст? Дар ин асно Салмони Форс дар паҳлўи вай нишаста буд. Паёмбар гуфт: қавми Салмони Форс кори ин динро ба шоистагӣ пеш хоҳад бурд».
Осори гаронбаҳои адабиёти форсу тоҷик ганҷинаи пурҳикмат ва гуногунпаҳлў буда, пеш аз ҳама ҷанбаи амиқи илмӣ ва маърифатӣ дошта, инсонро пайваста барои пайдо намудани ҷанбаҳои имониву виҷдонӣ ва нерумандии ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ, донишандўзӣ, худшиносӣ,таҳаммулпазирӣ ва ақлгароӣ ҳидоят менамояд.
Абўалӣ ибни Синотаъкид менамояд, ки «дар таҳсили илму ҳунар кўшидан кошонаи димоғро аз шамъи хирад равнақ бахшидан ва оинаи дилро аз ғубори ҷаҳолат мусаффо сохтан» аст. Дар ҳақиқат,«илму ҳунар ҳусули ҷоҳу таҷаммулро (ҳашамат) махзанва таҳсили симу зарро маъдани ҳотам (нигин) , донишу бинишро нигин ва дар таҳзиби (тарбияи)ахлоқи шўҳрати офоқ чун нигорхонаи Чин, кафили кору бори мамлакати подшоҳон ва сари тоҷи фазилату иззати олимон»аст. Ба ин маънӣ:
Коре , ки туро ба ҳақ расонад илм аст,
Моле, ки зи ту кас наситонад, илм аст.
Ҷуз илм макун бадарқа дар дори ҷаҳон,
Роҳе ки ба мақсуд бирасонад, илм аст. (1. 25)
Мавлоно Ҷалолиддинӣ Балхӣ дар хотимаи достони «Донишманди забондон ва киштибон» таъкид менамояд:
«Ҳар ки худро доно ҳисоб карду дигаронро нодон, дар рўзи воқеа ба гил дармемонад ва чун ин донишманди нодону мағрур дар гирдоби фаною нестӣ гирифтор мешавад».
Дар ҷойи дигар орифи шоир илмро муҷиби бақою пояндагӣ ва ҷавҳари ҳастии инсон дониста таъкид менамояд:
Хотами мулки Сулаймон аст илм,
Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.
Фаридуддини Аттор низ андар фазилати илму ақл мефармояд:
Бе хирад дониш вубол аст, эй писар!
Илм мурғу ақл бол аст, эй писар!
Ҳар ки илме дораду набвад бар он,
Аз тариқи ақл бошад баргарон.
Ҷои дигар дар тақвияти ин маъниҳо менигорад, ки дар торикиимеҳмонсарой, (дунё)илм чун чароғи раҳнамо нурафшон аст ва ҳар ҷо офтоб рахшон аст, соя пинҳон гардад ва«ҳар кӣ дорад донишу ақлу тамиз,аҳли ақлу илмро дорад азиз».
Ҳаким Низомии Ганҷавӣ низ ба ин маънӣ чунин таъкид менамояд:
Ҷон чароғ асту ақл равғани ў,
Ақл ҷон асту ҷони мо тани ў.
Ақли беҷон атийяти абадист,
Ҷони боақл зиндаи абадист.
Фазли илм бекарон буда, поён надорад ва мақоми соҳибилм рафеъу (баланд, олӣ)шарафоташ бениёзу беҳисоб аст. Илм махзани амал,ахлоқу маънавият,поктинатӣ ва сирати одамият буда, аз ҳосилашинсон саодат ва шарофати зиндагиропайдо мекунад. Дар ин робита ҳакимону донишмандон таъкид намудаанд, ки ҳазор хатми калом,ҳазорон хайри сарвату ва садҳазор ибодату тоат ба ҳадди эътибори олим ва ҷустуҷўи амали ў намерасад ва таҳқириилму олимонро куфр шуморидаанд.
Дар баробари ин «таҳсил набояд фақат иборат аз пур кардани мағзи ҷавон аз илм бошад, балки дар айни ҳол бояд ахлоқи кудакро таҳрик кунад ва ўро барангезад, то ба ҳаваси зиндагонии иҷтимоъ пай бубарад». (2. 243).
Таълим ва тарбият ҷузъи фарҳанги миллат буда, василаву абзорест, ки ба воситаи он фарҳанг пойдор мемонад. Чунон ки гўшту нохунро наметавон аз ҳам ҷудо кард, ин ду мавзўъ низ ҷудонопазиранд. Аз ин ҷиҳат тасаввури он ки миллатеравиш ё худ суннатҳои таълиму тарбияти миллати дигареро пазируфта зиёне намебинад, иштибоҳи ислоҳнопазир мебошад. Агар миллате аз фарҳанги худ даст бикашад, ин худкушӣ аст. Фарҳанги бегонаро пазируфтан ва худро зери нуфузи он қарор додан навъе худбохтан асту бас.
Фарҳанги ҳар миллате, аз ҷумла халқи соҳибтамаддуни тоҷикиборат аз идеалҳо, армонҳои иҷтимоӣ ва арзишҳои хос аст, ки назари хоси миллиро дар бораи зиндагӣ ва фарҳанг ифода мекунад. Агар таҳсил ва таълиму тарбият ҷузъи фарҳанги миллат бошад, пас, пазируфтан ва ё корбурди усули таҳсил ва таълиму тарбияти бегонагон ба бунёди ҳувияти иҷтимоӣ ва маънавии миллат теша задан аст. Бинобар ин мо бояд ба он равиши таҳсилу тарбият таваҷҷўҳ дошта бошем, ки маҳсули таърих ва фарҳангамон бошад ва бо омолу армон ва суннатҳои халқамон созгору ҳамоҳанг бошад.
Дар замони муосир усули таҳсилу тарбият дар мактабҳо то ҷое аз равиши суннатии омўзишу парвариш фосила гирифт ва зиёни он дар ҳамаи соҳаҳои зиндагии мо эҳсос мешавад. Касолати забон, маънавиёти иҷтимоигаро ва бебандубориҳои ахлоқӣ маҳсули гаравидан ба фарҳанги бегона буд. Инак, истиқлоли кишвар тадриҷан истиқлоли фарҳангии моро фароҳам меоварад ва мо рўзафзун аз таҳсилу тарбияти сиёсатзада канор рафта, ба омўзиш ва дарёфти арзишҳои маънавии худиву башарӣ рў меоварем.
Ба қавли профессори америкоӣ Нейблет, «маънии тарбият дунболаи вазъи рушд ва такомуле аст, ки башар ба он ноил мешавад, сурати аз лиҳози ташаккули ҷисмӣ нуҳ моҳ қабл аз он ки мутаваллид шавем, дар мо нақш мебандад. Вале пас аз он ки мутаваллид шудем, ин фарҳанги ҷомеа аст, ки сурат ва мавқеияти раҳми модарро ба худ мегирад ва дар муҳити иҷтимоъ ин рўҳ аст, ки шакл мегирад на ҷисм». (3,4.)
Таҳсилу таълим ва тарбият аз ҳар ҷиҳат бо фарҳанг ва ормонҳои иҷтимоии ҳар миллате бояд иртиботи ногусастанӣ дошта, низом ва роҳу усули тозаи он бо асосҳои илмиву методологӣ саҳеҳ ва дақиқ муайян гардидаустувор бошад. Ҳама гуна кўшишу талоше, ки барои ҷудоии ин масъала ва равишҳо ва худбиниву ходкимиҳои шахсони масъули низоми таҳсилот равона мешавад, омили шикаст ва заволи ҳамоннизом ва дигаргунсозӣ мегардад. Таҳсил, таълим ва тарбият бояд дар заминаи воқеӣ ва имконияти мавҷудаи иҷтимоъ сурат гирад, бозтоби фарҳанги мардум бошад ва омили таҳсилу тарбиятин фарҳангро барои наслҳои оянда ҳифз кунад.
Ба ин маънӣ,Ғуломризо Саидӣ таъкид менамояд, ки таҳсилу таълим ва тарбияте, ки ба фарҳанг ва ормонҳои ҷомеаи миллӣ беэътино бошад, ба вайронӣ ва гусехтани дастгоҳи иҷтимоии он ҷомеъа мусоидат карда, инҳитоти маънавиёти як миллатро боис мешавад. Агар таҳсилу тарбият фарҳанги миллатро дар заминаи кашфиёти илмӣ таҷассум накунад, ба рифоҳи иҷтимоӣ ва пешрафти миллат мусоидат нахоҳад кард. Бадбахтона, таҳсил ва тарбияти мо то ҳол аз мероси бегонапарастӣ, иртиҷоӣ, таассубу хурофот ва шаклпарастӣ фосила гирифта, натавонист унсури кофӣ ва муфидеро барои бунёд ва устувории пояҳои арзишмандиахлоқию маънавии ниёгонро муҳайё созад. Чунин вазъи таҳсилу тарбия дар ҷаҳони имрўз танҳо хоси тоҷикон набудааст. Муҳаққиқоне, ки дар ин замина изҳори назар кардаанд, бар ин ақидаанд, ки хатарноктарин нуқтаи заъф дар таҳсилоти ҷадид адами итминон ба ҳадафҳова мақсад аст.
Назаре ба таърих ин мавзўъро рўшан мекунад, ки дар қадим ҳаётитарин ва муассиртарин равишҳои таҳсил мақсадҳояшонро ба таври қотеъ дар назар доштаанд ва ин мақсадҳо ба сурати сифоти шахсӣ ва муассисоти иҷтимоъӣ махсус будааст. Яъне таҳсил ва ё таълиму тарбият бояд аз назари фикрӣ ба сурате ҷадид дарояд, зеро таҳсил василае аст барои ҳадаф на худи ҳадаф. Ва ҳадаф тарзи тафаккур ва фарҳанги мардум аст, ки дар роҳи хидмат ба мардум амалӣ мешавад. (4, 258).
Дар ин замина бамаврид аст, ки аз донишмандиэронӣ Абдулҳусайни Зарринкўб иқтибос кунем: «Ин ҷо масъалае, ки дар пеши рўи мост, ин аст, ки оё дар фарҳанги гузаштаи мо, дар он чи суннат ва адабиёти суннатии мо хонда мешавад, чизе барои дастовез наметавон ёфт, ки бо сатҳи пешрафтҳои аср ҳамоҳанг бошад?Дар ҳақиқат, адабиёти муосири мо низ дар ин замина маводи судманде зиёд дорад, ки барои дарёфти арзишҳои ҳунарӣ ва ҳусну назокати суханварӣ ва ташаккули ҳиссиёти солими зиндагишиносӣ мусоидат карда,дар камолоти маънавии фард ва пешрафти ҷомеа судманд хоҳад буд.
Агар аксари донишмандон ва адибони дунё баъди нон мактабро барои халқ аз ҳама муҳим шинохта бошанд, пас муаллим дар ҳаёти маънавии халқу давлат ҷойгоҳи сониро ба худ ихтисос медиҳад, ки ҳақ аст. Ба ин маънӣ Искандари Мақдунӣ бесабаб нафармудааст, ки ман дар назди устодам камтар аз падараммуваззаф нестам, зеро агар падар ба ман ҳаёт бахшида бошад, Аристотел зиндагии хуби маро фароҳамсохт.
Аз таҷрибаи мактабу маориф бисёр хуб медонем, ки хонандагон чӣ гуна омўзгорро дўст медоранд. Албатта, ҳамон омўзгоре миёни мактабиён иззату обрў дорад, ки дониши хуб,илми расо ва омўзгори шоиста ва инсони комил бошад ва хулқу хўяш мутобиқи меъёрҳои ахлоқии дирўзу имрўз сурат гирад. Фазилатҳои ахлоқии омўзгор, албатта истисно намешавад, вале беш аз ин рў бояд соҳибилм вабосавод бошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки омўзгороне, ки дониши кофии назарию амалӣ надоранд, дар роҳи корбурди усулҳои судманди таълим низ мўҳтоҷ мешаванд, дар ҳалли мушкилоти хоси хусусияти адабиётшиносӣ дошта оҷиз мемонанд. Ба ҳамин далел саводнокии омўзгор ва сифатҳои дигари барои мактаб зарур ба дараҷаи аввал меистад. Агар чунин савияю фазилат набошад, ҳамагуна барномарезӣ, ҳазинагузорӣ ва ҷаҳду ҷадал бенатиҷа хоҳад монд. Ин мушкилот ба хусус имрўз аҳамияти хос пайдо мекунад, зеро бо сабабҳо ва омилҳои маълум сатҳи маърифатписандии ҷомеъа хеле поин рафта, сифати таҳсилу таълим ва тарбия дар мактаби миёнаву олӣ қонеъкунанда нест. Ин ҳама ба пешрафти мактабу маориф бетаъсир намемонад.