Нақши ҷавонон дар пешгирӣ аз хатарҳои ҷомеаи муосир
«Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷомеаи муосир пур аз тазодҳо, мушкилот ва ихтилофу зиддиятҳо буда, рақобати шадиди абарқудратҳо ва бархӯрди манфиатҳои онҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, мубориза барои афзудани таъсиру нуфуз, ба даст овардани сарватҳои табиӣ, нефт, газ, об, канданиҳои фоиданок, захираҳои энергетикӣ ва ғайра сабаби нооромӣ, ҷангҳои минтақавӣ, афзудани шумораи зиёди гурезагони иҷборӣ, ба вуҷуд омдани норозигӣ ва оқибат пайвастани баъзе гурӯҳҳои ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва олами ҷиноят мегардад. Хадамоти махсуси давлатҳои ғарб дар кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ заиф ва ба сиёсати абарқудратон носозгор буда, мухолифони ҳукумат ва ҳатто гурӯҳҳои террористиву экстремистиро таъсис, ҷонибдорӣ ва аз лиҳози молиявӣ, моддӣ, силоҳ ва маънавӣ ҷонибдорӣ ва таъмин менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид менамоянд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.
Ин суханони Пешвои миллат моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳушёриву зиракии сиёсӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар самти муқовимат бар зидди ин падидаи хатарафзо устуворона фаъолият намоем.
Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизму терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.
Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.
Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгар ва гурӯҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дифоъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Экстремизм – аз калимаи франсузӣ ва лотинӣ гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузаштан ва аз андоза гузашатан аст. Экстремист – шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон –дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) шахсро ба терроризм мебарад.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».
Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат эҳтимол аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он шояд ба ифротгароӣ сабзида расад.
Чӣ тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ ба миён меояд.
Дар сиёсати дурнигаронаву хирадгароёнаи ва таҳаммулпазири Сарвари давлатҷойгоҳ ва сарнавишти ҷавонон хеле рўшан ва асосӣ ба шумор меравад.Пешвои миллат сиёсати ҷавононро яке аз муҳимтарин самтҳои ҷомеа ба шумор оварда, муқарраран дар ҳар суханрониҳои худ таваҷҷӯҳ ва боварии худро нисбат ба насли ҷавон изҳор медоранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерў ва хидмату азаматиҷавонони болаёқат ва ватандўсту худшинос боварӣ доранд ва борҳо изҳор доштаанд, ки ин давлату миллатмеросинасли ватандўсту худогоҳхоҳад буд. Дар баробари ин, ҳамеша таъкид медоранд, ки чеҳраи ҷавонони имрўз аз ҷавонони солҳои навадум ба куллӣ фарқ мекунад. Ин сухан на танҳо ба зоҳир, балки дар андешаву афкори ҷавонон низ равшану ҳувайдост. Пешвои миллат бо боварӣ ба ақлу хирад ва заковати ҷавонон ҳамеша ин нуктаро ба он маънӣ таъкид медоранд, ки ҷавонони имрўз дигар мисли ҷавонони солҳои навадум набояд қурбони афкор ва андешаҳои гумроҳкунандаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шавад. Имрўз ҷавонони даврони истиқлол барои такмили тафаккури миллии хеш заминаҳои муҳим дорад ва маҳз тавассути корномаҳои созандаи Пешвои миллат тамоми шароитҳо ҷиҳати тарбияи маънавии ҷавонон ва такмили шуури маънавии онҳо фароҳам омадааст. Танҳо баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурўғи маърифат» ва ҳамакнун «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» метавонанд нақши бисёр муҳим дар ташаккули тафаккури маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон гузоранд ва ҳатто гузошта истоданд.
Мусаллам аст, ки дар ҳама давру замон нақшу рисолати зиёиён, олимон, устодон дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа, дарёфти роҳи мусолиҳатомези ҳамагуна ихтилоф, муноқиша ва зиддиятҳо, ба роҳи дуруст ҳидоят намудани насли наврас, ҷавонон ва тамоми мардум хеле бузург аст. Яке аз рисолатҳои олимон таҳқиқ ва дарёфти ҳамон омилҳо, решаҳо ва ангезаҳое мебошад, ки мардумро муттаҳид созад, ихтилофро аз байн барад, сулҳ, ҳамкорӣ, бародарӣ ва дӯстиро миёни халқҳо, миллатҳо ва ҷомеа таҳким бахшад.
Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сӯйи истифода намуда? даст ба амалҳои ношоиста, аз қабили қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз меҳвар ва моҳияти ин дини пок огаҳ нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.
Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» онҳоро бар зидди ғояҳои миллӣ ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин васила ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, қадри соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.
Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи дониш, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад.
Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи номатлуби имрӯза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки мушкилоти ҷомеа ҷаҳонӣ мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Ин падида на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона раҳнаандозӣ намуда истодааст, ки Сарваи давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ доимо қайд менамояд: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».
Ба мо ҳамагон лозим аст, кушиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа хосатан ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кур-курона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд.
Вазъияти фазои динии ватанамон ба ба ҳамагон маълум, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд.
Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ тарҷума шуда, дар дастраси мардуми мусулмони кишвар қарор дода шуд. Аз ҷумла тарҷумаи Қуръони Карим ба теъдоди хеле зиёд таҳия шуда, ба таври ройгон пешкаши мардуми мусулмони Тоҷикистон карда шуд.
Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.
Бо боварии комил метавон таъкид дошт, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ муборизаи беамон хоҳанд бурд.
Зеро ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиниву радио, конфронсу мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо намояндагони мақомотҳо ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳимро бозидааст.
Хулосаи матлаб ин , ки таҳким бахшидан ба маърифати динӣ ва дунявии ҷавонон ҳамчунин, омўзиши комили маърифати аслии динҳо ва ба вежа дини Ислом ва мазҳаби ҳанафӣ барои аҳли ҷавони кишвар муҳим ба назар мерасад. Зеро такмили маърифати динӣ, шинохти арзишҳои миллӣ ва истифода аз ин омўхтаҳо метавонад ҷавонони моро ба роҳи дуруст ҳидоят намуда, аз ҳамагуна таҳдиду хатарҳои фикрӣ, гумроҳшавӣ ва харобии мағзу андеша нигоҳ дошта, ба сўи ормонҳои олии миллӣ, инсонӣ ва созанда раҳнамун бошанд.
Боварии комил дорам, ки ҷавонони насли истиқлол аз ин имконияту зарфиятҳо мавҷуда, шароити хуби мутолеа ва фарогирии донишҳо, хирадгароиву хирадсолориҳои сарчашма дар сиёсати фардосози Пешвои миллат дошта баҳрамандии афзун ҳосил намуда, барои пешрафти кишвари азиз, ҳифзи истиқлоли миллӣ ва тақвияти ваҳдату ҳамдилӣ дар ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
СОРБОН Амаков – устоди ДДХ ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров