​Муттаҳидии ҷомеа бар зидди терроризм ва экстремизм тақозои замон

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯзҳо дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм ба ҳисоб меравад. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз ибтидои солҳои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаи муҳими ҷамъият, ба мисли таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ рӯ ба рӯ гардид. Нигоҳ доштани истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар геополитикаи Тоҷикистон ҳадафи асосӣ ба шумор рафта, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ он зина ба зина дар амалия татбиқ шуда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи аввали Конститутсия ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардидааст. Онро чун асоси сохтори конститутсионӣ эътироф карда, дар моддаи охирон бошад, он тағйирнопазир маънидод карда шудааст. Яъне мутобиқи он шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазир мебошанд. Ин нукта ба хотири он оварда шуд, ки тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатии кишвар масъалаи муҳим арзёбӣ гардида, баҳри таъмин ва ҳифзи амнияти миллӣ тамоми қувваҳо сафарбар карда мешавад.

Терроризм ва ифротгароӣ падидаи манфӣ дар масири таърихи инсоният арзёбӣ мегардад. Он сарчашмаи ба амал омадани оқибатҳои нохуш, ба мисли таҳдид ва ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, бенизомӣ ва бетартибӣ дар ҷамъият, тағйир додани сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ шуда метавонад.

Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар интиҳои қарни XX терроризм мавриди таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи олимон ва чомеашиносонқарор гирифтааст. Махсусан аз ҷониби ҷомеашиносониШарқ ва Ѓарб омӯзиш ва таҳлили ин падидаи номатлуб дар маркази таваҷҷӯҳ гузошта шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии ашхоси алоҳида таъсири бевосита расонида, мардумро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Ин амалу рафтори онҳо ғайриқонунӣ буда, маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил гардидан, мавриди истифода қарор диҳанд.

Қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа, махсусан ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Аз ин ҷиҳат, ин гурӯҳи иҷтимоӣ маърифати сиёсиву динӣ, ҷаҳонбинии васеъ пайдо намуда, ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, сабаб ва амали афкори терроризмро мавриди омӯзиши чуқур қарор дода, баҳри комилан аз байн бурдани он камари ҳиммат банданд, то сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ, амнияти кишвар ҳаматарафа муҳофизат карда шавад.

Зулму зӯроварӣ, таҳқир кардан ва фишор овардан, паст задани шаъну шарафи инсон, махсусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз тарафи ҷомеа ва давлат эътирозро ба вуҷуд меоварад. Он мумкин аст, ба ифротгароӣ сабзида расад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм нисбати аҳли ҷомеа ба амал татбиқ намоянд. Амалҳои террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути мошинҳо, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудааст. Дар маҷмӯъ мақсади асосии террористон ба таври зӯроварӣ ғасб намудани давлат ва аз нигоҳи талаботҳои шариат ҳукмрон будан, иборат аст. Баҳри амалӣ намудани ин ҳадафҳои ғайриинсонии хеш омода ҳастанд, ки тамоми воситаҳоро мавриди истифода қарор диҳанд.

Ҳамин тариқ, терроризм ва экстремизм дар замони муосир ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои кулли башар хатари ҷиддиро ба вуҷуд овардааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст”. Фирефтаи он шудан номумкин аст. Ба тамоми табақаҳои қишри ҷомеа зарур мебошад, ки маърифат ва фарҳанги динӣ ва миллӣро афзун намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро бештар бо наврасон ва ҷавонон пеш бурда, ҳудуди кишварро аз таҳдидҳо эмин нигоҳ доранд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ