Мустаҳкам кардани дӯстиву рафоқат байни Тоҷикистону Покистон

Пас аз ба анҷом расидани маросими истиқболи расмӣ, баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон ощоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайати расмии ду кишвар идома ёфт.

Дар мулоқот маҷмӯъи масоили ҳамкорӣ ва дӯстиву рафоқат байни Тоҷикистону Покистон, мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Покистон муҳтарам Имрон Хонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз сатҳи муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла эътимоди сиёсии миёни ду давлат дар сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Пешниҳод гардид, ки ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва нафту газ таъсис дода мешавад.

Ҷиҳати рушди бештари ҳамкорӣ дар соҳаи саноат пешниҳод гардид, ки дар қаламрави Тоҷикистон, корхонаҳои муштарак дар заминаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири покистонӣ оид ба коркарди нахи пахта, пашму пӯст то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва коркарди сангҳои мармару хоро ва истеҳсоли шишаи сохтмонӣ таъсис дода шуд.

Тоҷикистон ва Покистон дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ – тероризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ҳамкории шарикӣ доданд.

Дар робита ба вазъи мураккаби кишвари ҳамсояи Афщонистон, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии ҳама гуна тарҳҳо, ки барои эҳёи субот, ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини амният дар Афщонистон зарур аст, истиқбол мекунад.

Суханронии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон дар нишасти матбуотӣ пеш аз музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Ращмон чунин ибрози ақида намуд:

«Ҷаноби Олӣ Президент Эмомали Раҳмон Пеш аз ҳама, ман мехощам Шуморо барои бомуваффақият баргузор намудани саммити Созмони ҳамкории Шанхай табрик намоям. Баъдан, ман мехоҳам ба Шумо аз номи ҳайати худ барои меҳмоннавозӣ ва самимият, ки Шумо ҳангоми сафари мо нишон додед, ташаккур гӯем.

Мо, доираҳои васеи мавзъӯҳоро, ки марбут ба масоили тиҷорат байни ду кишвар, иттисол, роҳи кӯтоҳтарин аз Тоҷикистон то Уқёнуси Ҳинд, яъне то баҳр тариқи Покистон мебошанд, мавриди баррасӣ қарор додем.

Бинобар ин, мо дар мавриди он баҳс чунин қарор кардем, ки чигуна метавонем аз тиҷорат манфиати муттақобила, ки дар соҳаи нассоҷӣ, доруворӣ ва ё сайёҳӣ дошта бошем.

Аммо, имрӯз муҳимтарин мавзӯъ, ки ду кишвари моро аз ҳама бештар нигарон мекунад, ин масоили Афщонистон мебошад. Чунин, ки Ҷаноби Президент комилан дуруст қайд карданд, ки сулҳ дар Афщонистон на танҳо барои Тоҷикистгну Покистон ниҳоят муҳим мебошад, инчунин махсусан барои мардуми азияткашидаи Афщонистон, ки дар давоми 40 сол кишвари ҷангзада аст ва он боиси ранҷу азоби зиёд барои мардуми он кишвар шудааст.

Ҳамин тавр, мо масъалаеро баррасӣ кардем, ки бо назардошти вазъи қонунӣ, чӣ гуна метавонем кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки сулҳу субот дар оянда барқарор шавад. Ва чизҳое, ки моро ва Шуморо ба ташвиш меорад, ман медонам моро дар Покистон нигарон мекунад, ин низоъ дар Панҷшер байни Тоҷикон ва Толибон аст.

Аз ин рӯ, мо тамоми кӯшиши худро ба харҷ хоҳем дод, мо даъват хоҳем кард, ки медонем, ки наметавонем ба ягон кишвар амр диҳем, аммо мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем. Мо аз онҳо ҳамчун дӯстони Афщонистон даъват мекунем, ки онҳо бояд ин масъаларо ҳал кунанд, хусусан масъалаеро, ки ҳоло дар миёни Тоҷикону Толибон дар водии Панҷшер ҷой дорад.

Инчунин, мо онҳоро дар заминаи башардӯстона даъват хоҳем кард, ки бояд мубосираро хотима бахшанд, то кӯмаки башардӯстона вориди минтақа гардад.

Бори дигар ман аз номи ҳайати худ ба Шумо Ҷаноби Президент барои меҳмоннавозии самимӣ, ки ҳамаро ба ваҷд овард, изҳори сипос намоям. Мо рушду пешравиро дидем, ки татбиқ карда шудааст, биноҳо ва кабудизорҳоро дидам.

Ин нишон медиҳад, ки Шумо ҳақиқатан муштиёқ барои рушди кишваратон доред ва воқеан ба ҳайати ман таассурот бахшид. Ман мехоҳам, ки Шуморо барои ин дастовардҳо табрик намоям».

Алиева МунзифахонМустаҳкам кардани дӯстиву рафоқат байни Тоҷикистону Покистон бо Сарвазири Покистон Имрон Хон

Алиева Мунзифахон

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ