​Муҳофизони содиқи ватан!

Дар замони пуртаззоди муосир ҳифзи ҳимояи соҳибистиқлолии кишвар вазифаи аввалиндараҷа ва муҳимтарини давлатдорӣ мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хиради азалӣ, суботи доимӣ ва дурбиниву дурандешӣ пайваста ва муваффақона таҳкиму таъмин гашта истодааст. Вазъи ноороми давлатҳои ҳаммарзиТоҷикистон, ҷиддиятҳои байнифирқавӣ дар роҳбарияти Афғонистон, ҷамъ омадани гурӯҳҳои ифротгаро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо маблағгузории хоҷагони аҷнабӣ ва даҳҳо омилҳои дигар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонва ҳар як фарди соҳибдилу ватандӯстро водор менамояд, ки ҳушёру зиракии сиёсиро пешаи ҳамешагии худ қарор диҳад.

Баргузории машқи ҳарбиёни Тоҷикистону Федератсияи Россия, такомули тактикаю заминаи модии қисмҳои ҳарбӣ, бунёди нуқтаҳои нави сарҳадбонӣ ва қадамҳои босуботи дигари давлатдории тоҷикон эътимоди мардумро ба ояндаи амну осудаи кишвар қавитар месозад. Вусъати раванди даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо бартарияти ихтиёрони шуҷоъ воқеаи фараҳбахш дар низоми ҳаёти кишвар асту месазад, ки ҳар як фард дар ин раванд фаъолу пурғайрат бошад. Зеро, ҳифзи марзу буми Ватан муқаддастарин қарзи шаҳрвандист. Ҳар як марди комил бояд ҳамеша барои ҳимояи Ватан – Модар, хонаводаю хешу табори худ омода бошад ва сидқан хизматро баҷо биоварад. Хурсандиовар аст, ки сафи ҷавонмардони шуҷои ватандӯст рӯз аз рӯз афзуда истодаасту алҳол, бешаз ними нақшаи даъватибаҳорона ба иҷро расонида шудааст.

Набояд фаромӯш сохт, ки дар хориҷ ва ҳатто дохили кишвар душманони ошкорову пинҳонии давлати ҷавони соҳибистиқлоламон мавҷуданд. Танҳо бо сарҷамъии мутлақ, ваҳдати миллӣ, дастгирии пайвастаи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон бар афроди нопоки бадзот ғолиб омад. Бинобар ин, ҳар як фарди солимақлу солимандеши Ватани азизамон имрӯзҳо вазифадор аст, ки дар макони зисту ҷойи кор, кӯчаву маҳаллаҳо тараннуми ватандориро тарғиб намояду барои муқовимат бар душманон омода бошад, ба насли ҷавони кишвар арзишҳои олии инсонӣ, ватандории содиқона, муҳаббат ба волидайну Ватанротаълим диҳад. Бо ин васила ҷомеаи тамаддунсозу фарҳангсолорикишвар метавонанд аз хасми нопок эмин бошанд.

Мардуми заҳматқарини кишвари зебоманзарамонро даъват менамоям, ки имрӯзҳо аз ҳар вақта бештар зираку ҳушёр бошанд. Тамоми нерӯи худ баҳри созандагиву бунёдкории Ватани маҳбуб равона намоянд. Чунин амалу ҳаракат натиҷаи боровари таҳкими давлатдориротаъмин хоҳад кард ва ҳамагонронасиб мегардад, ки дар ҷомеаи орому осуда ободу хуррам зиндагӣ ва софдилонаву содиқона заҳмат намоянд.

Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм МДТ“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ