​Мунофиқро оромӣ набошад!?

Дар кӯчаҳои серодами Аврупо марди муҳоҷири ҳабаш бо мақсади дарёфти қути лоямут баромадаву умедвор, ки бо нафари ҳамдинаш – мусалмонон вомехӯрад ва кӯмаки беғараз – аз хайру эҳсони исломӣ баҳраманд мегардад. Зеро, дур аз Ватани аҷдодӣ қарор дораду фарзандонаш гушнаву ташна дар интизори ғизо ҳастанд. Гарчанде, ки давлатдорони Аврупо ба ӯ ва оилааш сарпаноҳ додаву бо кӯмакпулӣ таъмин кардаанд, андозаи он барои зиндагии мӯътадил кофӣ нест. Хусусан, ғайр аз нафси ғизоӣ қонеъ гардониданинафсу талаби маънавӣ марди ҳабашро ба кӯча бароварда буд. Тасодуфан ӯ мушоҳида менамояд, ки даҳ- понздаҳ нафарони ғайритаҳҷоӣ бо овезаю плакатҳои рангоранг овозҳои гулӯхарош баровардаистодаанду атрофиёнро аз ин тӯдаи афрод парвое нест ва ҳатто бархе, аз нафарони муқимии Аврупо ба онон бо нафрату тамасхур нигоҳ карда зери лаб норозигии худро изҳор мекарданду лекин ба ин амалҳои тӯдаи дупоёни беақл мудохила намекарданд. Марди ҳабаширо ҳаваси одамӣ боло рафта ба ин тӯданаздик мешавад ва аз хондани навиштаҳои плакат огоҳ мегардад, ки афроди ошӯбдошта тӯдаи тоҷиконимуҳоҷир буданд, ки аврупоиёнро бар зидди Ватани аҷдодиашон шӯр андохта истодаанд.

Ӯ, ки худ муҳоҷир буду маҳрум аз хоки Ватан ҳайрон мешавад, ки чӣ тавр фарди солимақл аз одамони бегона муқовиматро ба аслу нажоди худ талаб дорад. Дар чараёни сӯҳбат бо аъзои ин тӯдаи муғризон бохабар мешавад, ки онҳо наҳзатиёни палид мебошанд, ки дини мубини Исломро ба худ ниқоб кардаанду алҳол аврупоиёнро бо иғвогарию дасисабозӣ фирефта ба макони аҷдодии худ душман сохтанианд.

Аввало, марди ҳабашӣ ҳайрон монда, намехост ба ин палидони беватани хоин ҳарфе бигӯяд ва роҳи худро идома додан мехост. Аммо, аз тӯдаи иғвоангезони дупо нафаре ба ӯ муроҷиат карда нидоъ дошт, ки ба онон ҳамроҳ шаваду ба ӯ ҳам мукофоте аз хоҷагонашон хоҳад расид. Ваъда карданд, ки маблағ ҳам медиҳанду ҳам пуштибониаш мекунанд.

Марди ҳабашӣ, ки мусулмони комилу содиқ ба дину мазҳаби худ буд, аз суханони бадбӯи палидони наҳзатӣ дар ғазаб шуда ба онҳо бонг зад: Эй худобехабарон! Шумоёнро ақлу тамиз тарк гуфтаасту дар мамлакати бегона макони аҷдодӣ – Ватани падариро бадгӯӣ карда истодаед. Алалхусус, дини мубини Исломро ба худ парчам меҳисобеду ҳам ба дину ҳам ба Ватан хиёнат кардаед! Эй палидони разил! Огоҳ бошед, ки Парвардигори пок хоину мазҳабфурӯшро бад мебинаду сазовори оташи ҷаҳаннам донистааст. Чашми равғанпӯшидаатонро кушоеду фаҳмед, ки ҳамаи Шумоёнро ҷазои илоҳӣ интизор асту боз мехоҳед маро гумроҳу ба доми макри худ кашед?! Бало бар пасатон, нонкӯрони ватангадои наҳзатӣ!

Марди ҳабаши муҳоҷир бо ин суханҳо ба сӯи тӯдаи дупоёнии ифротӣ туф карду ин мавзеро тарк намуда дур рафт.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ