​Мулоқотҳо бахшида ба “Рӯзи байналмилалии волонтёрон”

Бахшада ба “Рӯзи байналмилалии волонтёрон” бо ташаббуси гурӯҳи волонтёрони назди шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар факултетҳо роҷеъ ба фаъолияти ин гурӯҳ чорабиниҳо доир гардиданд.

Зимни баргузоии мулоқоту ҳамоишҳо волонтёрон доир ба фаъолияти гурӯҳ маълумот доданд.

Ҳадафи баргузории чунин мулоқотҳоро ҷалбе бештари ҷавонон ба гурӯҳи волонтёрони назди шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ маънидод гардид.

Ҳамзамон дар идомаи чорабиниҳо волонтёрон дар мавзуъҳои “Волонтёр кист?”, “Фаъолияти волонтёр чигуна бояд бошад”, “Кӣ волонтёр шуда метавонад?”, “Фаъолияти волонтёрӣ чиро фаро мегирад?” ва монади инҳо маърӯза ироа намуданд.

Дар интиҳо миёни иштирокдрон перомуни мавзуи баррасишаванда мубодилаи афкор ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ