​Мулоқот бо директори Маркази исломшиносӣ

Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдураҳим Холиқзода мулоқот сурат гирифт. Дар мулоқот устодону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳадаф аз ин ташаббусро баррасии масоили мубрами ҷомеа, таҳкими зиракии сиёсии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати динӣ-ҳуқуқӣ ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ унвон намуд.

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода перомуни нақши дин дар ҷомеа сухан намуда, дар бораи ташаббусҳои ғаразноки ифротиён бо истифода аз ниқоби дин ибрози назар кард.

Номбурда таъкид намуд, ки ба Ислом ҳамчун арзиши маънавӣ, иҷтимоӣ ва эътиқодӣ муносибат намуда, набояд зимни баррасии ҳаводиси гуногуни ҷомеа аз дин сӯистифода ва омилу пайомадҳои онро ба ҷараёну равияҳои динӣ васл намуд.

Гуфта шуд, ки олудасозии эътиқод ва боварии ботинӣ бо рафторҳои ношоиста дар ҳама ҳолат нодуруст буда, тибқи Конститутсия ин амал манъ аст.

Дар идомаи мулоқот зикр гардид, ки ҳар як ҷинояткор барои кирдори ношоям ва рафтори зиддиқонуниаш ҳамчун гунаҳгор ҷавоб медиҳад, на ҳамчун пайрави мазҳаб ва ё оини муайян. Аз ин хотир, Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид мекунанд, ки террорист, хиёнаткор ва ҷинояткор дину мазҳаб надорад.

Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳимояи истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва давлат, пешрафти Ватан ва таҳкими нуфузи он дар сатҳи байналмилал талош намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ