Мукозироти Пешвои миллат дар сатҳи олӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.
13 октябр сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Фаронса бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкории самарабахши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои мухталифи энергетика, металлургия, саноати сабук ва химия, мошинсозӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданокро баррасӣ карда, онҳоро самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар номиданд. Имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёти логистикӣ, телекоммуникатсонию электронӣ, кишоварзӣ ва рушди инфрасохтори туризм низ муҳокима карда шуд.
Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ самти муҳими робитаҳои ду кишвар номида шуд. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили густариши муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, аз ҷумла таъмини омӯзгорони забони фаронсавӣ барои мактабҳои Тоҷикистон, ифтитоҳи филиалҳои донишгоҳҳои Фаронса дар кишвари мо, ҷудо кардани квотаҳо ба донишҷуён барои илмҳои гуманитарӣ, иқтисодиёт, молия, фанҳои дақиқ ва муҳандисӣ, сайёҳӣ, идора ва сиёсатшиносӣ, баррасӣ карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони илмию фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) низ ба дастовардҳое дар заминаи муаррифии осори фарҳангию таърихии миллати тоҷик ноил шуд, Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи нигораҳои таърихии “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ”, ки дар Осорхонаи миллии санъати шарқ - Гимеи шаҳри Париж доир мегардад, иштирок мекунад.
Инчунин мулоқот зимни баррасии масоили амниятӣ дар минтақа ба вазъи мураккаби сиёсӣ ва гуманитарӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон оид ба ҳалли қазияи Афғонистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки таъмини амнияти ин ҳамсоякишвар омили муҳими суботи миллӣ ва тамоми минтақаро ташкил медиҳад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.
Барно Умарова – устоди ДДХ