МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ-АСОСИ РУШДИ УСТУВОР
Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби ҷомеа ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва мардум таъсири манфӣ расонида, садди роҳи рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба ниҳодҳои давлатӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, дар марҳилаи муосири рушди ҷомеа муқовимат ба ин зуҳурот ба яке аз вазифаҳои муҳим ва афзалиятноки мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди солимфикр табдил ёфтааст. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо, паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ ва вохӯриҳояшон бо масъулон ва ҷомеа пайваста таъкид мекунанд, коррупсия яке аз хатарноктарин монеаҳо дар роҳи рушди устувори давлат ва пешрафти ҷомеа ба шумор меравад.
Воқеан ҳам, коррупсия танҳо содир намудани ҷинояти молиявӣ набуда, он пеш аз ҳама поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон, риоя накардани принсипҳои адолат ва заиф сохтани пояҳои ҳуқуқии давлат аст. Дар муҳити таълимӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавҷудияти омилҳои коррупсионӣ имкониятҳои баробарро маҳдуд карда, ба таври сунъӣ монеаҳо эҷод мекунад. Дар натиҷа эътимоди ҷомеа ба низоми идоракунӣ ва муассисаҳо коста гардида, сифати хизматрасониҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва идоракунии давлатӣ паст мешаванд. Бо назардошти ин омил, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаву стратегияҳои махсус қабул карда, мубориза бо ин падидаи номатлубро аз самтҳои афзалиятнок қарор додааст.
Мавриди зикр аст, ки барои пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла донишгоҳҳо ва коллеҷҳо нақши асосӣ доранд, зеро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ахлоқии ҷавонон аз мактабу донишгоҳ оғоз мешавад.
Дигар роҳе, ки барои пешгирии коррупсия мусоидат карда метавонад, ин фароҳам овардани муҳити солим ва шаффоф дар раванди таълим мебошад. Ин гуна муҳит ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки аз рӯзҳои аввал принсипҳои поквиҷдонӣ ва масъулиятшиносиро риоя кунанд.
Гузаронидани вохӯриҳо, мулоқотҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пайваста ташкил кардани суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ ба коҳиш ёфтани хатарҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд.
Мубориза бо коррупсия танҳо тавассути чораҳои ҷазодиҳӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Барои решакан кардани ин мушкилот маҷмуи чорабиниҳо зарур аст. Аз ҷумла ба роҳ мондани низоми рақамисозӣ, кам кардани омили инсонӣ дар қабули қарорҳо ва таъмини дастрасии иттилоот яке аз роҳҳои таъсирбахш дар ин самт маҳсуб меёбад. Дар баробари ин ҳар як корманд бояд дарк кунад, ки риояи қонун ва меъёрҳои ахлоқӣ гарави пешрафти фаъолияти кории ӯ ва давлат мебошад.
Ҳамкории муштараки давлат, шаҳрвандон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои муқовимат бо ин падидаи хатарнок заминаи мусоид мегузорад.
Мубориза бар зидди коррупсия барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҳар кишвар бисёр муҳим аст. Аз ин лиҳоз, дар давлатҳои пешрафта кӯшиш мекунанд, ки сатҳи коррупсия паст карда шавад ва ё он пурра аз байн бардошта шавад. Дар Тоҷикистон низ бисёр барномаҳо ва стратегияҳои миллӣ барои аз байн бурдани ин зуҳурот қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Танҳо тавассути баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ва таъмини шаффофияти комил дар ҳамаи сохторҳо метавон садди роҳи коррупсия гардид. Аз ин хотир, ҳар як нафарро зарур аст, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун саҳми худро дар пешгирии ин падидаи хатарноки ҷомеа гузорад.
Афзал Босолиев, омӯзгори кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”