МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ – КАФИЛИ РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ
Таҳти чунин унвон дар толори раёсати Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров санаи 13-уми марти соли 2026 вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабиниро муовини ректор оид ба таълим профессор Насим Абдуллозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонанд натиҷаҳои назаррас ба даст оранд. Қайд гардид, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, барои ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати пешгирии ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.
Сипас, сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники адлия Турсунзода Шодком доир ба фароҳам гардидани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳурот ва ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвар ибрози назар кард. Ба таъкиди ӯ – таъсиси ниҳоди махсусгардонидашудаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои муҳимми кишвар дар самти мубориза бо коррупсия ба шумор меравад. Гуфта шуд, ки назорати истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа аз вазифаҳои асосии ин ниҳоди давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар идома устодон Иброҳим Ҷабборзода дар мавзуи «Аз таърихи пайдоиши амалҳои коррупсионӣ ва роҳҳои муосири пешгирии он» ва Фарҳод Раҷабов дар мавзуи «Экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва муқовимат ба коррупсия» маъруза ироа намуда, оид ба роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб андешаҳои худро баён карданд.
Дар фарҷом баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ омили муҳимми пешгирии коррупсия ва таъмини рушди устувори соҳаи маориф арзёбӣ гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил