Муҳимтарин амалҳои муқовимат ба терроризм
Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеаи имрӯза чорабиниҳои ба пешгирии терроризму экстремизм мусоидаткунанда роҳандозӣ карда мешаванд, ки муҳимтарин ва таъсирбахштарини он вохӯриву мулоқоти донишҷӯён бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, коршиносон ва шахсони барӯманд мебошад. Тамошои филмҳои ҳуҷҷатӣ дар байни ҷавонон, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, навиштани мақола, эссе ва диктанти оммавӣ аз идомаи таъсирбахштарини тадбирҳо байни насли ҷавон маҳсуб меёбад. Зеро ин ташаббусҳо насли ҷавонро аз оқибатҳои манфии терроризму экстремизм ошно месозад.
Гузаронидани чорабиниҳои илмӣ (конфронс, семинар, мақолаҳои илмӣ) дар самти пешгириии падидаҳои номатлуби ҷомеа, баргузории чорабиниҳои тарбиявӣ (вохӯриву тренингҳо, сӯҳбат, варзиш) амали саривақтӣ мебошад. Инчунин зиёд намудани мавзӯҳои дарсӣ ва ташкили семинарҳои ҳуқуқӣ дар пешгирии чунин хатарҳо муҳим арзёбӣ мешавад.
Илова ба ин, ҷиҳати пешгирии ифротгароии динӣ ва амалҳои террористӣ дар ҷомеа ба масъалаҳои зайл эътибори ҷиддӣ додан мувофиқи мақсад мебошад:
– эътибори аввалиндараҷа додан ба тарғиби арзишҳои солим, созанда ва адолатпарастӣ ҷиҳати пурра гардонидани холигии фазои мафкуравӣ дар ҷомеа;
– гирифтани пеши роҳи воридшавии фарҳанг, мафкураҳои бегона ва таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба арзишҳои таърихиву миллии тоҷикон ва ҷой додани андешаи истиқлоли давлатии тоҷикон дар тафаккури ҷавонон бо усулҳои таълимиву тарбиявӣ.
Ҷӯраева Гулафзо – омӯзгори ДДХ, Шарқшинос