Муборизаро баҳри амалҳои номатлуб ҷонноктар намоем!
Насл, ки ба вуҷуд омад, бояд аз рӯзҳои аввалини саршавии ҳаёт дар таҳти назорати доимии падару модар ва аҳли хонадон қарор гирад. Ба ин восита метавонем бисёре аз мушикилиҳои ҷойдоштаро аз ҳаёт дур сохт. Ба фарзанд набояд таъсири манфи расонид зеро ба ҳар кор машғул шуданро оғоз мекунад. Бояд бо муомилаи хуби инсони бо сухани ширину гуворо роҳи ҳалли мушкилиҳоро ёфт. Вақте, ки фарзанд ба синни мактабӣ мерасад, набояд тарбияи ӯро фақат бар души омӯзгор гузошт зеро агар фарзанд 4 соат дар муассисаи таълими бошад, дигар вақтҳо дар пеши волидолн қарор дорад. Тарбия аз ду тараф бояд дар амал бошад.Терроризм ва экстремизм, ки бо зуҳуроти даҳшатангези худ ҷомеаи имрӯзаро ба ташвиш овардааст. Яке аз хатарҳои ҷиддӣ ва ҷиноӣ ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо бо дарки ин хатари ҷиддӣ мардуми сарбаланди ҷомеаи хешро водор сохта буданд, ки дар ин бобат бетафовутӣ зоҳир накунанд ва ҳар чи зудтар тадбирҳои заруриро андеашанд. Пешвои миллат дар ироаи ҳар Паёми хеш мавриди ин ду зуҳурот андешаи возеҳу равшани худро баён месозанд ва сари вақтӣ тадбирҳои мушаххас медиҳанд. Аз ин тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои миллат оқилона бояд истифода бурд. Зеро миллати тоҷик дурандеш аст ва ҳаргиз нахоҳад гузошт, то бегонае бе пурсиш ба хокаш қадам гузорад. Роҳбарони ин падидаҳои номатлуб аз воситаҳои истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, аксарияти ҷавонони камтаҷриба ва беилмро ба ин зуҳуротҳои ноодамонаи хеш ҷалб месозанд. Бояд ҳар як ҷавони имрӯза аз тарзи истифодабарии шабкаҳои иҷтимоӣ бохабар бошад ва оқилона ва дуруст истифода кардани онро донад. Мутаасифона, аксарияти волидони имрӯза фарзандонашонро беназорат гузошта, ба омӯхтану аз худ кардани илмҳои муосир ба онҳо диққати ҳамаҷониба намедиҳанд, ки ин ба зарари худи онҳост.