Мубориза бо таҳдидҳои муосир- вазифаи ҷомеа
Мувофиқи маълумоти сомонаи We are social соли 2022 дар саросари ҷаҳон аз интернет беш аз 5 миллиард нафар истифода бурдааанд, ки 63 фоизи тамоми одамони рӯи заминро ташкил медиҳад. Нисбат ба соли 2021 ин нишондиҳанда 4% афзудааст. Теъдоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ рӯ ба афзоиш ниҳода, беш аз 10%, яъне ба 4,62 миллиард нафар ё 58,4%-и аҳолии ҷаҳон баробар шудааст.
Интернет дастоварди муҳимми технологии ҷомеаи муосир ба шумор меравад, ки афзалиятҳои зиёд дорад. Корбарон аз ин фазо бо мақсадҳои гуногун истифода мебаранд. Интернет имрӯз ба воситаи:
- дарёфти маълумот
- ба даст овардани маблағ
- фароғат
- муошират
- баланд бардоштани сатҳи дониш
- хариду фурӯш, яъне савдо табдил ёфтааст.
- Чаро ман бояд ба ин гуфтаҳо бовар кунам?
- Чаро гӯяндаи иттилоъ мехоҳад, ки ман аз ин маълумот бохабар бошам?
- Дар ин бора дар манбаъҳои дигар чи гуна маълумот мавҷуд аст?
- Барои посух додан ба суолҳои қаблӣ пурра омода ҳастам?
Новобаста аз он ки афзалиятҳои интернет зиёд аст, хатар ва таҳдидҳои ин фазо низ барои истифодабарандагон кам нест. Бахусус, дар шароити феълӣ, ки ин платформаи онлайнӣ бо мақсадҳои ғаразнок ба таври васеъ истифода мешавад, истифодаи он фарҳанг ва маърифати баландро тақозо мекунад.
Асри 21 – ро асри иттилоот ном мебаранд. Дар раванди ҷаҳонишавии муосир иттилоот торафт аҳамият ва мавқеи баландро соҳиб мешавад. Ҳам акнун татбиқи мақоли машҳури “Ҳар касе дар даст иттилоъ дорад, ҷаҳонро идора мекунад” беш аз пеш эҳсос мегардад.
Пахши ахбор агар дирӯз бо мақсади тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, маҳсулоти тиҷоратӣ, дастоварду пирӯзиҳо, ихтироъкориҳои инсон ва зебоиҳои табиат ба роҳ монда мешуд, имрӯз иттилоот як аслиҳаи муассири гурӯҳҳои манфиатхоҳ, аз қабили созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ шудааст. Иттилооти имрӯз метавонад ба мақсадҳои ғаразнок, аз ҷумла пайдо кардани адовату нафрат ва низоъ байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, тоифаҳои одамон, миллатҳо, гурӯҳҳои динӣ тарҳрезӣ гардида, барои расидан ба мақсади ниҳоии созмонҳои манфиатхоҳ, барҳам додани арзишҳои милливу маънавӣ мавриди истифода қарор гирад. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки ахбор дар асри 21 ба аслиҳаи мафкуравӣ табдил ёфтааст.
Иттилоот метавонад таъсири манфӣ гузошта, ба истифодабаранда хатар оварад. Зеро маълумоте, ки дар фазои маҷозӣ паҳн мегардад, на ҳама вақт дуруст ва саҳеҳ мебошад.
Камбудӣ ва ҷанбаҳои зараровари интернетро коршиносон чунинтафсир мекунанд:
- маълумоту иттилооти интернет метавонад дақиқ набошад;
- сарфи беҳудаи миқдори зиёди вақт;
- дурӣ аз ҷаҳони воқеӣ ва мубтало шудан ба бемории "вобастагиисахт";
- аз даст додани малакаи муоширати воқеӣ;
- зарар ба саломатӣ: чашм, сутунмӯҳра, ҳолати равонӣ...
- дастрасӣ ба муҳтаво ва маълумоти номуносиб ва зараровар;
- дар интернет вирусҳои зиёде мавҷуданд, ки компютери моро сироят мекунанд;
- фиреб додан дар интернет бештару осонтар аст;
- авбошии интернетӣ.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сафи истифодабарандагони интернет торафт афзоиш дорад. Ҳоло дар кишвар шумораи муштариёни интернет ба 4,5 миллион нафар расидааст, ки ба 100 нафар аҳолӣ 45 муштарӣ рост меояд [4].
Дар ҷаҳони муосир иттилоот аз сарчашмаҳои мухталиф ва тавассути расонаҳои гуногун паҳн мегарданд. Ба ҳисоби миёна ҳар як корбари интернет дар ҷаҳон ҳар рӯз ҳафт соатро дар интернет сарф мекунад. То моҳи ноябри соли 2022 дар фазои маҷозӣ зиёда аз 1,14 миллиард вебсайт ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда бозгӯи он аст, ки то куҷо имрӯз сокинони сайёра аз интернет истифода мебаранд ва то куҷо иттилоъ имрӯз дар ҳаёти мо нақши муҳимро соҳиб аст.
Равшан аст, ки барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, пеш аз ҳама, усули мағзшӯӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин роҳ бештар онҳое таҳти хатар қарор мегиранд, ки мавқеи устувор ва тафаккури баланд надоранд.
Дар ҷомеаи муосир мафҳумҳое чун “зиракии сиёсӣ”, тафаккури интиқодӣ” ва “саводи расонавӣ” маъмул гардидаанд, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муосир воситаи муфид маҳсуб меёбанд.
Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, ҳатто ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд [5].
Дар шароити муосир, ки иттилоот бо суръати кайҳонӣ паҳн мегардад, тафаккури интиқодӣ воситаи муҳим ва зарур арзёбӣ мегардад.
Ҷомеаи муосирро давраи дасткориҳои бузурги иттилоотӣ меноманд. Аз ин лиҳоз, ташаккул додани тафаккури интиқодии ҷавонон кафили амният ва суботи иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.
Мафтуна Исмоилова,
омӯзгори донишгоҳ