Мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ

Тавре ки маълум аст, фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст. Зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад.

Терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва эктремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Бешак мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ватеррористӣ иборат мебошанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар миқёси ҷаҳон ниҳоят рушд ёфта, хатари калони ҷамъиятӣ доранд ва барои бехатарии давлатҳо ва минтақаҳо воқеан таҳдид менамоянд.

Дар ҳақиқат терроризм ва экстремизм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.

Агар ба таърихи мавҷудияти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон назар андозем, баръало мушоҳида менамоем, ки аз нуқтаи назари таъмини амният ва нигаҳдории сулҳу салоҳ, халқи тамаддунофари тоҷик мушкилоти зиёдеро паси сар кардааст. Ҳалли мушкилоти баамаломада ва паси сар кардани садду душвориҳо ба осонӣ ба даст наомадааст ва дар саргаҳи ин ҷоннисориҳо фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад.

Асосгузори сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид менамоянд, кӣ «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористонро ба хyдӣ ва бегона, ашадї ва ислоҳгаро ё хубу баъд ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс тавре, ки ман борҳо таъкид карда 6удам, meppopиcт ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. 3уҳypoти терроризм ба суботу амнияти кypaи зaмин хавфу хатари бе ниҳоят зиёд дорад. Хатарҳои замони муосир моро водор месозад, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем. Бинобар ин, бо мақсади таъмини устувор ҷиҳати neшгupӣ ё аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақивӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем».

Андешаву мулоҳизаҳо, пешниҳодҳои консептуалӣ (бунёдӣ) ва принсипиалии (усулии) Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои сар задани терроризм, экстремизм, пешгирӣ ва роҳу василаҳои мубориза бар зидди он яке аз манбаъҳои боэътимод, пояи назариявӣ ва амалии сиёсати муқовимат алайҳи он падидаҳои хатарафзо мебошад.
Паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, суханрониҳо бахшида ба ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ, дар ҳамоишҳо, конфронсҳо, мулоқотҳои сатҳи олии байналхалқӣ бахшида ба мавзӯи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, мулоқотҳои Сарвари давлат бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зиёиён, уламои дин, ҷавонон, намояндагони гуногуни ҷомеаи кишвар, асару мақолаҳои Пешвои миллат марбут ба масъалаҳои таърих, фарҳанг, тамаддун, дин, анъана ва оину суннатҳои мардуми мо сарчашмаи мӯътамади таҳлилу баррасӣ, арзёбӣ, бардошту натиҷагирӣ ва тарҳрезиинақшаи фаъолият бар зидди терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбанд.

Дар суханрониҳои Пешвои миллат кӯшишҳои ба ҳам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххас, хосатан ислом ҳамеша қатъиян маҳкум карда мешавад ва ин гуна кӯшишҳо баръакс ба манфиати террористон хидмат мекунад.

Дар андешаҳои Пешвои миллат як чизи муҳиме ба назар мерасад ва ин бештар дар байни мусулмонон роиҷ аст- ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст. Бештари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо баъзе кишварҳои Ғарб, Амрико сиёсати дурӯя, духӯра ва меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд.

Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки террорист миллат, дин, мазҳаб ва Ватан надорад. Террористро ба худиву бегона ҷудо кардан иштибоҳи маҳз аст. Терроризм ба ҳеҷ ваҷҳ боиси омурзиш, бахшиш нест ва дар ҳамаи ҳолатҳо он бояд қатъиян маҳкум карда шавад, бояд бар зидди он муборизаи беамон бурда шуда, он решакан карда шавад.

Ҳамчунин, Пешвои миллат борҳо қайд менамоянд, ки дар мубориза бар зидди терроризм танҳо аз роҳи зӯрӣ, такя ба қувва ва неруи ҳарбӣ пирӯз шудан амрест ношуданӣ, гарчанде нақши сохторҳои қудратӣ муҳим бошад ҳам, он роҳу василаи мутлақи ягона нест.

Ин мубориза бояд чораву тадбирҳои якҷояи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иттилоотиро дарбар гирад ва ин тадбирҳо дар сатҳи байналхалқӣ тарҳрезӣ ва амалӣ гардад.

Пешвои миллат таъкид бар он менамоянд, ки чи корҳоеро ба анҷом нарасонем, чӣ эътилофҳо, созмонҳое насозем, ҳар қадар неруи ҳарбиро ба кор набарем, аммо роҳу василаи (механизми) худтавлиди решаҳои терроризм аз байн бурда нашавад, мо танҳо аз омилҳои зоҳирии ин вабои аср раҳоӣ меёбему аз решаҳои аслии ин маризӣ халосӣ нахоҳем ёфт.

Нуктаҳое, ки дар афкору андешаҳои Пешвои миллат оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм баён шудаанд барои мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар падидаҳои хатарафзо аҳамияти илмӣ, назариявӣ ва амалӣ доранд.

Таҷриба борҳо собит намудааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни дигар сарони давлатҳои дунё яке аз фаъолтарин шахсияте ба ҳисоб мераванд, ки баҳри аз байн рафтани ин «вабои аср» заҳмату талошҳои беандоза дошта, яке аз муборизони пешқадам дар самти пешгирӣ ва аз байн бурдани амалҳои номатлуб чун терроризму экстремизм шинохта шудаанд.

Муҳиммияти мубориза ба терроризм ва экстремизм ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт ва дорад. Барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ин амали номатлуб дар кишвари мо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки заминаи мукаммали ҳуқуқии мубориза ва муқовимат бо терроризм ва экстремизмро ташкил медиҳанд.

Андешаи сулҳу ваҳдат дар асарҳои Пешвои миллат. Мактаби сулҳи тоҷикон басо ибратомӯз буда, дар таърихи ҷаҳони муосир ба худ ҳамто надорад. Андешаҳои сулҳу ваҳдат дар асарҳои Пешвои миллат мақоми хоса дошта, дар онҳо фалсафаи сулҳофарии тоҷикон, роҳи душвор ва тӯлонии расидан ба оштӣ ва Ваҳдати миллӣ бо тамоми ҷузъиёт, паҳлӯҳои он хеле мукаммал, ҷолиб ва далелноку эътимодбахш инъикос ёфтаанд.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи буҳронии ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ (байни конфессияҳо), номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯии умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.

Воқеан ҳам ҷаҳони имрӯза ҳар яки моро водор мекунад, ки ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба хотири сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа муттаҳид гашта, ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ дар мубориза алайҳи ин падидаи хатарзои ҷомеаи башарӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

Раҷабова Н. М., муаллими кафедраи методикаи таълими

забонҳои хориҷии факултети забонҳои

хориҷии МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ