Мубориза алайҳи терроризм ва эктремизм амали дастаҷамъона
Ҷаҳони имрӯза хеле душвору пурпечутоб мебошад. Нисбати ин мафҳумҳо дар давлатҳо задухӯрду бетарафиҳо ҷой доранд. Эктремизм ҷинояте мебошад, ки ба муқобили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, сохти конститутсионӣ, низоми сиёсии давлат, ягонагӣ ва бехатарии он равона шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз оғози таъсисёбии давлати соҳибистиқлол нисбат ба масъалаи терроризм ва эктремизм муносибати оштинопазир дошта, имрӯзҳо Тоҷикистон дар сафи муборизони фаъоли муқовимат ба ин зуҳуроти хатарнок қарор дорад. Чунки мардуми тоҷик фоҷиаи даҳшадовари ҷанги шаҳрвандиро пасисар кардааст, ки омилҳои асосии он хусусан ифротгарии динӣ, дахолати созмонҳои тундрави хориҷӣ ва ба гумроҳӣ будани мардум буд.
Терроризм ва эктремизм дар миқёси ҷаҳон ниҳоят рушт ёфта, хатари калони ҷамъиятӣ дорад ва барои амнияти давлатҳо таҳдид менамояд. Терроризм ва эктремизм дар шароити ҳозира ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза бар зидди он ҳамкории пайвастан доимӣ ва мутақобилии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо мекунад.
Таҳдиди терроризм ва эктремизм дар шаклҳои гуногун, яъне бо истифодабарии яроқи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ, инчунин нисбати объектҳое, ки террористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зӯроварӣ интихоб мекунанд, дар шароити ҳозира на танҳо чун ҷинояти дохилидавлатӣ, ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонанд, балки чун ҷинояте дониста мешавад, ки дар натиҷа метавонанд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ зиёни худро расонад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар суханрониву баромадҳояшон таъкид доштанд, ки терроризму экстремизмдавлату миллат ва мазҳаб надорад. Нафароне, ки фирефтаи ҳалқаҳои экстремистӣ, хадамотҳои ҷосусии давлатҳои абарқудрат ва созмонҳои террористию экстремистӣ мегарданд, ки дигар давлату миллат ва волидони худро фаромӯш мекунанд.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зиёдшавии ҷиноятҳои хавфнок муташаккилонаи трансмиллӣ баташвиш омадаанд. Оид ба мубориза бар зидди он ва пешгирии чунин намуди ҷиноят дар сатҳи байналмиллалӣ якчанд санадҳои муҳим қабул карда шудаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф мекунад.
Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунад ва ё барои ба зурӣ сарнагун кардани сохтори конститутсонӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ карда шудааст.
Ба ҳар кас озодии сухан, нашр хуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ карда шудааст.
Масъалаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти экстреомистӣ дошта ва тартиби баррасии парвандаҳои ҷинояти номбурда бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии зерини аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда ба танзим дароварда шудаанд.
Ташкилоти экстреомистӣ – иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте мебошанд, ки нисбати он тибқи асосҳои пешниҳодшудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм” оид ба барҳам додан ё манъ кардани фаъолият, вобаста ба машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ қарори суд эътибори қонунӣ пайдо нашуддаст.
Амалҳои терористиро хоинону ҷосусон аз рӯи нақшаҳои махсуси тарҳрези кардашуданаашон ба анҷом мерасонанд ва ҳеҷ гоҳ роҳбарони асосӣ дар амали терористӣ бевосита иштрок намекунанд. Барои иҷрои он амалҳои нангину даҳшатбор сарварону ташкикунандагони гурӯҳҳои тундрав бо роҳҳои гумроҳ кардан, фиребу дасиса бо таълимоти ифротии динӣ манқурт кардан, ваъдаҳои пуливу амволӣ, шахсонӣ осебпазир, дониши хуби динию дунявӣ надошта, бо мақомот мухолифатдошта, муҳоҷирони меҳнатӣ, ашхоси ночор ва дармондаро ноил месозанд.
Имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоии интернет воситаи асосии шомил намудани одамон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористию экстремистӣ гардидааст, ки хатари онро мо бояд ба зуддӣ дарк намоем ва наздикону пайвандони худро аз ин хатари оммавӣ эмин нигаҳ дорем. Шабакаҳои “фейсбук”, “Телеграмм”, “Инстаграмм”, “Вайбер”, “Ютуб”, ва ғайраҳо мебошанд, ки нав ба нав дар интернет пайдо шуда истодаанд, бинобар, ин мо бояд бо қоидаи “тиллоӣ” истифода барем.
Ҳангоми интихоби дӯстон дар шабака бояд аз одамони ношиносу шубҳаовар худдорӣ намоем. Пеш аз ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ онро хуб омӯзем, зеро ифротиён сараввал ягон гурӯҳи маърифатӣ ё фарҳангию иттилотӣ таъсис медиҳанд ва баъди пайдо намудани иштирокчиёни зиёд, маводи хусусияти террористию экстремистӣ доштаро ба он ворид месозанд. Пеш аз ба зери акс, матн ё навор шарҳ навиштан, мақул донистан ё ҳамовозӣ кардан, бояд сараввал мазмуну муҳтавои онро дақиқ фаҳмида, ҳангоми хусусиятҳои ифротӣ, ҷудоиандозӣ, кинаву адоватӣ, миллию нажотӣ динию маҳзабӣ ё зидди сохторӣ конститутсионии давлат будани мазмуну мӯҳтавояш, агар тавонем, мутахассис бошем, дар шарҳ нодурустии онро нависем ва исбот намоем, ки дар акси ҳол бояд аз ин амалҳо ҳатман худдорӣ намоем. Шарҳ дода, ҷонибдорӣ кардан ба маводи хусусияти терроризм ва эктреммистӣ дошта, дар шабакаҳои интернетӣ тибқи моддаи 3071 қисми 2, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне, даъвати оммавӣ барои амалӣ гардондани фаъолияти экстремистӣ ва сафедкунии омавии экстремизм бо истифода аз воситаҳои ахбори оммавӣ ё шабакаи интернет ҷиноят эътироф карда барои содир кардани он аз 5 сол то 10 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, муқаррар карда шудааст.
Барои саривақт ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ доштаи шумо пайдо шудани гурӯҳ, ки касе шуморо ҳамроҳ намудааст ва маводи диниву ифротӣ дорад, дар ҳол бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод. Бо ин амалиётатон Шумо пеши роҳи ифротгароӣ, ки оянда ба терроризм мебарад, гирифта метавонед.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳолномаи Судӣ Олӣ фаъолиятии 28 ташкилоти экстремистию террористӣ манъ карда шудаанд ва рӯйхати онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуд мебошанд. Ҳамагуна робита бо ин ташкилотҳои мамнӯъ ва нафарони ба онҳо робитадошта ҷиноят ҳисобида мешаванд.
Мутаасифона, то ҳол ҳолатҳои гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистивию террорристӣ вуҷуд доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагон ҷомеа ва ходимони дини кишвар зикр намуданд, ки “Дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он пешгирӣ шудааст.” Ин далелу рақамҳо моро водор мекунад, ки дар гирифтанӣ пеши роҳи ин ҷиноятҳои нангин бетараф набошем. Масъалаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта ва тартиби баррасии парвандаҳои ҷиноятии номбурдашуда бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстромизм”, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятииҶумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии зерини аз тарафи Тоҷикстон этирофшуда ба тамзим дарварда шудаанд.
Ташкилоти экстремистӣ – иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте мебошад, ки нисбати он тибқи асосҳои пешбининамудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм” оид бо барҳам додан ё манъ намудани фаъолият вобаста ба машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ, қарори суд эътибори қонунӣ пайдо намудааст.
Бо қарори Суди Олӣ аз 30-юми марти соли 2006 ташкилотҳои “Ал – қоида”, “Ҳаракати Исломии Туркистони шарқӣ”, “Ҳаракати Толибон”, “Бародарони мусулмон”, “Лашкари тайиба”, “Ҷамъияти исломии Покистон” , “Ҷамъияти таблиғ”, “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод” ташкилотҳои террористию экстремистӣ эътирофгардид, фаъолияти онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шудааст.
Бо назардошти оқибатҳои фоҷиабору даҳшатафкан доштани ҷиноятҳои марбут батерроризм ва эктремизм ба амнияту суботи мамлакат, оромиву осоиштагии шаҳрвандон бояд тамоми сокинони кишвар, зиёиён, хизматчиёни давлатӣ, дарякҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ошкору пешгирӣ намудани он софдилона, бо масъулияти баланди ватандориву ватандӯстӣ дастаҷамъона мубориза бурда шаванд.
Солеҳов О., устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров