​МУАРРИФИИ СЕ ШУРОИ НАВИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» 14 феврали соли 2026 маросими муаррифии се шурои нави диссертатсионӣ бо иштироки раисон, аъзо ва котибони шуроҳои диссертатсионии амалкунанда баргузор гардид.

Нахуст муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ Содиқ Ятимзода суханронӣ намуда, таъсиси шуроҳои нави диссертатсиониро қадами муҳим дар таҳкими иқтидори илмӣ ва эътирофи имкониятҳои кадрии Донишгоҳ арзёбӣ кард.

Дар идома муовини аввали раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Муъмин Машокир фармоишҳои раиси КОА доир ба таъсиси шуроҳои нави диссертатсиониро қироат намуда, зикр дошт, ки тибқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба шуроҳои навтаъсис ҳуқуқи расмии баррасӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори фалсафа (PhD), номзад ва доктори илм дар як қатор ихтисосҳои мухталиф дода шудааст.

Ҳоло Шурои диссертатсионии 6D.KOA-119 ваколати баррасии диссертатсияҳоро барои дарёфти дараҷаи доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D020500 – Филология (6D020501 – Забони тоҷикӣ), 6D021300 – Забоншиносӣ (6D021310 – Забонҳои типологӣ ва муқобилавӣ), инчунин барои дарёфти дараҷаҳои номзад ва доктори илм аз рӯйи самти 6.2. Филология (6.2.1 – Забони тоҷикӣ, 6.2.14 – Забонҳои типологӣ ва муқобилавӣ)-ро соҳиб шуд.

Шурои диссертатсионии 6D.KOA-120 ҳуқуқи баррасии диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D020500 – Филология (6D020502 – Адабиёти тоҷик; равобити адабӣ), 6D021400 – Адабиётшиносӣ (6D021401 – Назарияи адабиёт ва сабкшиносӣ; 6D021403 – Матншиносӣ. Нусхашиносӣ), инчунин барои дараҷаҳои номзад ва доктори илм аз рӯйи самти 6.2. Филология (6.2.15 – Адабиёти тоҷик; равобити адабӣ, 6.2.18 – Назарияи адабиёт ва сабкшиносӣ, 6.2.19 – Матншиносӣ. Нусхашиносӣ) пайдо кард.

Шурои диссертатсионии 6D.KOA-116 барои дарёфти дараҷаи доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисоси 6B060400 – Физика (6B060408 – Физикаи ҳолатҳои конденсӣ ва 6D060442 – Химияи физикӣ), инчунин барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 1.3. Физика (1.3.8 – Физикаи ҳолатҳои конденсӣ ва 1.3.46 – Химияи физикӣ) таъсис дода шуд.

Дар идома, дар вазъияти тантанавӣ ба 17 нафар устоди Донишгоҳ шаҳодатномаҳои дараҷа ва унвонҳои илмӣ супорида шуданд. Аз ҷумла, 2 нафар соҳиби дараҷаи доктори фалсафа (PhD), 9 нафар соҳиби унвони илмии дотсент ва 6 нафар соҳиби дараҷаи илмии номзад гардиданд.

Гуфта шуд, ки дар назди Донишгоҳ теъдоди шуроҳои диссертатсионӣ ба 10 адад расидааст, ки барои муҳаққиқон, унвонҷӯён, аспирантон ва докторантон имкониятҳои фарохро ҷиҳати ҳимояи рисолаҳои илмӣ фароҳам меорад.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Содиқ Ятимзода аз номи ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ба раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин барои ҳамкории пайваста, дастгирии ташаббусҳои илмӣ, саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва мусоидат дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Раёсат ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ ин дастоварди баланди илмиро ба устодон самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмию омӯзгорӣ муваффақиятҳои тоза, дастовардҳои назаррас ва комёбиҳои боз ҳам бештар таманно менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ