​Муаррифии китобҳои лоиҳаи илмии «Таҳқиқ ва нашри сарчашмаҳои адабии охири асри XIX ва ибтидои асри XX»

Дар доираи нақша – чорабиниҳои Ҳафтаи илм, ки аз санаи 13-ум то 18-уми март дар факултети филологияи тоҷик баргузор гардид, бо ташаббуси кафедраи адабиёти муосири тоҷикҳамоиши илмӣ баргузор шуд. Дар он роҳбар ва иҷрокунандагони лоиҳаи илмии «Таҳқиқ ва нашри сарчашмаҳои адабии охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ», ки тӯли панҷ сол амал намуд, аз дастовард ва фаъолияти корӣ ҳисобот доданд.

Мутриба Мавлонова, дотсент, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик ҳамоиши илмиро ҳусни оғоз бахшида, афзуд, ки лоиҳаи илмии «Таҳқиқ ва нашри сарчашмаҳои адабии охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ» нахустин лоиҳае аст, ки аз ҷониби профессори кафедраи адабиёти муосири тоҷик Матлубаи Мирзоюнус таҳия ва пешниҳод гардида, аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Тӯли ин панҷ сол иҷрокунандагони лоиҳа бо ҳидоятҳои роҳбари лоиҳа корҳои муҳимму мондагорро ба анҷом расонида, якчанд китобу маҷмӯаҳоро ба нашр омода карданд.

Сипас, Замира Ӯлмасзода, декани факултети филологияи тоҷик аз корҳои арзишманде, ки дар татбиқи лоиҳаи болозикр ба амал омада, дар муаррифии ҳавзаи илмиву адабии як давраи бисёр муҳимми таърихи адабиёти тоҷики охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХнақши бориз мегузорад, ибрози назар намуд.

“Мақсади асосӣ аз пешниҳоди мавзуи лоиҳавии «Таҳқиқ ва нашри сарчашмаҳои адабии охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ» таҳияи осори арзишманде мебошад, ки ҳанўз дар Тоҷикистон нашр нашудааст. Мақсади ниҳоии лоиҳа мусоидат ба омўзиши амиқтари нақди адабӣ, матншиносӣ, сарчашмашиносӣ, назарияи адабиёт, ҷараёни адабӣ, таърихи матбуот, марҳалаҳои ташаккул ва танаввўи адабиёт, вусъати корҳои илмӣ-тадқиқотии аспирантону докторантон, унвонҷўён, магистрантон ва донишҷўёни мактабҳои олӣ аст”, - зикр намуд, роҳбари лоиҳа, доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус. Тибқи иттилои ӯ, ҷамъоварии сарчашмаҳои адабии охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ, адабиёти таҳқиқӣ, таҳия ва тартиб додани феҳраствораҳои сарчашма, картотекаҳои мавзуӣ, баргардон ва таҳияи«Рўзнома»-и Садри Зиё,«Тазкират-уш-шуаро»-и Мирсиддиқи Ҳашмат,«Раҳбари дониш», маводи тоҷикии «Ойина», «Тазкори ашъор»-иСадри Зиё аз вазифаҳои муҳимми лоиҳа буданд, ки тӯли панҷ соли фаъолият татбиқ гардидаанд.

Дар идома иҷрокунандагони лоиҳа, номзадони илмҳои филологӣ, дотсентон Субҳони Аъзамзод, Ӯғулой Қосидова, Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев ва Малика Саидхоҷаева роҷеъ б моҳияти кори анҷомдодаи худ, аз ҷумла, таҳия ва баргардони китобҳои «Рўзнома»-иСадри Зиё,«Тазкират-уш-шуаро»-и Мирсиддиқи Ҳашмат,«Раҳбари дониш», маводи тоҷикии «Ойина», «Тазкори ашъор»-иСадри Зиё гузориш дода, дар баробари ин арзиши илмиву адабии асарҳои фавқуззикрро дар шинохти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, адабиву фарҳангии адабиёти охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ муҳимму муассир баён доштанд.

Ҳамоиш бо музокироти судманди илмӣ миёни олимону донишҷӯён хубу хотирмон анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ