Муҳаммадиқболи Садриддин хиёнаткори миллат!!!
Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз хиёнаткори миллати тоҷик буда, дар шабакаҳои интернетӣ барномаҳои“Минбари муҳоҷир” ва “Ислоҳ нет”-ро мебарад. Дар ин барномаҳо бо ҳар роҳу усул кушиш мекунад иғвову андешаҳои бади худро нисбати сиёсати имрузаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда, бад ин васила оромӣ ва сулҳу суботро дар ҷомеа халалдор созад. Ҳатто пай бурдан мумкин аст, ки барои омода намудани барномаҳои иғвогароёнааш аз ҳаммаслакони худ ва муҳоҷироне, ки дар кишварҳои Аврупо қарор доранд истифода менамояд. Бисёрии барномаҳои омодакардааш тариқи саволу ҷавоб барои ҳаллу фасли ягон масъалаи гуё “баҳснок” сурат мегирад, ки дар онҳо шахсоне, ки фирефтаи суханҳои ӯ гаштаанд пайваст мегарданд. Лекин ҳамаи суханҳояш ягон асосе надоранд. Ҳатто нафароне ҳамроҳ гардида, аз суханҳои пучи ӯ дилгир гардидаанд ва ба ӯ муроҷиат карда хоҳиш менамоянд, ки ин гуна назари бадхоҳонаашро нисбати сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати имрузаиҶумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии Эмомалӣ Раҳмон хотима бахшад.
Муҳаммадиқболи Садриддин низ монанди Муҳиддин Кабирӣ фурухташудаи сармоягузорони хориҷии худ гардидааст. Ӯ бояд дарк намояд, ки кушишҳояш ҳама беҳудаанд ва мардуми сулҳпарвару меҳанпарасти тоҷик намегузорад, ки ин гуна нохалафон монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ба ҳадафҳои нопоки худ расанд.
Мардуми тоҷик ҳамеша тарафдори сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар буда, бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ҳамеша ба пеш ба суи фатҳи қуллаҳои баланд равонаанд.
Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд. Ва мо ҷавонони имрӯза аз ин мефахрем ва шукргӯи чунин роҳбари давлат мебошем.
Назарзода Шамил