​Муҳаммадбоқири хоин мурду чанд нафари бегуноҳро кушт

Имрӯзҳо мо тамоми сокинони ҷумҳурӣ шоҳиди он ҳастем, ки чи амалҳои нангину бешармона ва террористона аз ҷониби Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқир сар зад. Рафтори қотилона ва кирдори хоинонае, ки Муҳаммадбоқир ва чанд нафароне, ки бо у буданд, анҷом доданд на ягон муғул карда буд ва на ягон террористӣ дигар.

Мо то имрӯз медонистем, ки М. Кабирӣ, М.Садрддин Ҳ.Ашуров ва дигар пайравони гурӯҳи 24 террорист ҳастанд. Ин хоинон сабаб шуданд то Муҳаммадбоқир аз онҳо дида аблаҳу паст шавад ва ба бо кирдорҳои Террористи худ тамоми ҷурму қонунвайронкуниро анҷом дод. Мардуми бегуноҳро кушт, имрӯз волидайни онҳо барои фарзондонашон гирёну парешон ҳастанд.

Дар таърихи ва ёди мо наврасону ҷавонон номи он ҷавонмардоне, ки дар роҳи Ҳақ ва хидмат ба Ватан ҷон бохтанд ҳамеша нек боқи мемонад ва мо онҳоро ҳамчун қаҳрамон ба неки ёд меорем аммо амали бадрафторонаву кирдори террористонаи Муҳаммадбоқири хоин ки сокинони орому осоиштаи ВМКБ ба ташвиш овард ҳаргиз фаромӯш намешавад.

Акнун мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва сокинони ВМКБ хуб фаҳмиданд, ки на Муҳаммадбоқир ва на хоинони гурӯҳи 24 ба манфиати давлату миллат ва онҳо коре мекунанд ва аз онҳо безоранд.

Итминони комил дорам, ки тамоми шаҳрвандони мо дигар ба рӯзҳои пешин баргаштанд намехоҳанд ва ҳамеша дар пайравии иқдомҳои неку созандаи Пешвои миллат саҳми назаррас мегиранд...

Аскар Хотам

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ